Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронии наздик ба мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд

  • 30 Декабр, 2013
Бобаки Занҷонӣ
Image caption Дар маросими бозгушоии автовокзали Душанбе ба ҳангоми қайчӣ задани навор аз суи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон оқои Занҷонӣ ҳузур дошт

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоия ва додситони кулли Эрон аз дастгирии Бобаки Занҷонӣ хабар додааст.

Хабаргузории Тасним душанбе, нуҳуми даймоҳ (30 декабр) аз қавли оқои Эжаӣ навишта, ки "Бобаки Занҷонӣ бо таваҷҷуҳ ба масоил ва иттиҳомоти ворида дар ҳафтаҳои ахир" боздошт шудааст.

Ин хабаргузорӣ дар айни ҳол афзуда, ки сухангӯи дастгоҳи қазоӣ аз эъломи иттиҳомоти мушаххасе, ки мунҷар ба дастгирии ин тоҷири эронӣ шуда, худдорӣ кардааст. Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ аз интиқоли оқои Занҷонӣ ба зиндони Эвин гузориш додааст.

Ҳафтаи пеш теъдоде аз намояндагони маҷлиси Эрон аз ба зиндон наафтодани оқои Занҷонӣ алорағми "ҳаддиақал ду мавриди маҳкумияти қазоӣ" интиқод карда буданд. Дар посух ба онҳо Бобаки Занҷонӣ бо интишори ҷавобияе бар рӯйи сафҳаи Фейсбуки худ таъкид кард, ки "тамоми зиндагӣ ва обрӯ ва заҳамоташро барои ободии кишвар ва хати вилоят ба кор бурдааст".

Номи оқои Занҷонӣ дар соли гузашта борҳо дар иртибот бо парвандаҳои гуногуни тахаллуфи иқтисодӣ матраҳ шуда, вале ӯ бо радди тамоми иттиҳомот таъкид карда, ки иқдомоташ бо итилоъи ниҳодҳои масъули кишвар будааст.

Оқои Занҷонӣ, ки номаш дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико қарор дорад ва ба фаъолиятҳои ноқизи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам шуда, дорои иртибототе густарда бо бархе мақомҳои ҳукуматии Эрон будааст.

Дар моҳҳои ахир ба вижаи равобити ӯ бо Саъид Муртазавӣ, раиси собиқи созмони таъмини иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтааст.

"Ҳар се қувва муттаҳаманд"

Дастгирии Бобаки Занҷонӣ ҳудуди як ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки 12 нафар аз намояндагони маҷлиси Эрон бо ирсоли номае саргушода ба Алӣ ва Содиқи Лориҷонӣ, руасои ду қувваи муқаннана ва қазоия ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур хостори таъқиби оқои Занҷонӣ ба иттиҳоми "фасод ва афсод" шуда буданд.

12 намояндаи имзокунандаи нома ба сарони се қувва бо зикри ин ки дар иртибот бо парвандаи оқои Занҷонӣ "ҳар се қувва назди касире аз мардум муттаҳаманд" мавориди мухталиферо мавриди ишора қарор дода буданд, ки ба ақидаи онҳо нишонаи бархурдории вай аз пуштибоне қудратманд талаққӣ мешавад.

Ин намояндагон бо ишора ба ин ки "ҳангоме ки вазорати иттилоъот ва ниҳодҳои иттилоъотии дигар ба пуштибонӣ аз Занҷонӣ муттаҳам мешаванд, ба ҷои тавзеҳ ба мардум сукут мекунанд", ба интиқод аз ин мавзуъ пардохта буданд, ки вай алорағми "доштани парвандаҳои мутаъаддиди қазоӣ, ки лоақал дар ду маврид ба маҳкумият мунтаҳӣ шуда" ба зиндон наафтодааст.

Намояндагон дар идома пурсида буданд, ки чаро Бобаки Занҷонӣ замоне "амини вазорати нафт шинохта шуда ва пули нафти фурӯхташударо барои муддатҳо пас намедиҳад ва касе ҳам бо ӯ коре надорад? "

Ин намояндаҳо бо ишора ба Саъид Муртазавӣ, раиси собиқи созмони таъмини иҷтимоӣ ва бидуни зикри номи вай афзуда буданд, вақте ошкор шуда ки оқои Занҷонӣ бо муфсиди дигаре, ки мудири омилии созмони бузургеро ғасб карда, барои муъомилаи чаҳор миллиёрдюруӣ ба шакли ғайриқонунӣ тафоҳумнома имзо карда", мавриди бархурди қазоӣ қарор нагирифтааст.

Бобаки Занҷонӣ дар феҳристи таҳримҳо

Наздик ба 9 моҳ пеш вазорати дороии Омрико аз афзуда шудани номи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ ба феҳристи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон хабар дод.

Омрико оқои Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯро ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам кардааст.

Номи Бобаки Занҷонӣ ҳамчунин дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо, ки авохири соли 2012 алайҳи Эрон вазъ шуд, низ ба чашм мехӯрад.

Иттиҳодияи Урупо оқои Занҷониро яке аз муҳраҳои аслӣ дар муъомилоти нафтии Эрон ва интиқоли пулҳои ҳосил аз фурӯши нафт ба дохили Эрон донистааст.

Дар пайи боло гирифтани ихтилофи миёни Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешин ва Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлиси Эрон оқои Аҳмадинажод дар ҷараёни истизоҳи вазири таъовун филмеро ифшо кард, ки Фозили Лориҷонӣ, бародари руасои қувои муқаннана ва қазоияи ҷумҳурии исломиро дар ҳоли пешниҳоди эъмоли нуфуз барои рафъи мавонеъи иҷрои муъомилаи созмони таъмини иҷтимоӣ бо оқои Занҷонӣ нишон медод.

Оқои Занҷонӣ чанд моҳ пеш дар мусоҳибае бо Би-би-сии форсӣ гуфт, ки Фозили Лориҷонӣ барои тасҳили фаъолиятҳои иқтисодии ӯ ба таври мустақим дархосте аз ӯ надоштааст.

Оқои Занҷонӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО изҳор дошт, ки 64 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дорад ва "ҳамакнун дар Эрон ва дигар кишварҳои дунё бо 17 ҳазор нафар персунол машғули ироаи тиҷорат ва хадамот аст".

Ӯ муддаъӣ шуд, ки дар хариду фурӯши нафт нақше надошта ва фақат ба хостаи ширкати миллии нафти Эрон ба нақл ва интиқоли пулҳои ҳосил аз фурӯши нафт кумак кардааст.

Оқои Занҷонӣ худашро "сарбози басиҷӣ дар ҷабҳаи иқтисодӣ" муъаррифӣ кард ва таъкид кард, ки ҳамаи фаъолиятҳояш зери назари вазири нафти собиқ ва дигар масъулони собиқи давлатӣ ва "комилан шаффоф" будааст.

Ибҳомоти 2 миллиёрдӣ ва 4 миллиёрдӣ

Се моҳ пеш Бежани Зангина, вазири нафти Эрон гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ беш аз ду милёрд дулори ҳосил аз фурӯши нафти Эронро ба хазонаи давлат ворез накарда ва вазорати нафт ва маҷлиси Эрон дар ҳоли пайгирии ин масъала ҳастанд. Оқои Занҷонӣ гуфта, ки ин пул ба ҳисобаш рехта шуда, аммо ин ҳисоб аз тарафи омрикоиҳо блука шудааст.

Номи Бобаки Занҷонӣ дар гузориши таҳқиқ ва тафаҳҳуси маҷлиси Эрон дар мавриди созмони таъмини иҷтимоӣ, ки се ҳафта пеш мунташир шуд, ҳам зикр шуда буд. Дар ин гузориш омада буд, ки тафоҳумномаи ҷанҷолии миёни ин созмон ва ширкати "Ҳулдинг Суринети" Қишм, мутаъаллиқ ба оқои Занҷонӣ мабнӣ бар интиқоли саҳҳоми таъмини иҷтимоӣ дар 138 ширкати эронӣ дар изои дарёфти маблағе беш аз 4 миллиёрд юру дорои ишколоти адидаи ҳуқуқӣ" буда ва қавонин дар он риъоят нашудааст.

Дар бахше дигар аз гузориши маҷлис омада буд, ки ҳаволаи арзии ворезшуда ба арзиши беш аз 4 милёрд юру ба ҳисоби созмони таъмини иҷтимоӣ дар Бонки маскан ба далели таҳримҳои байналмилалӣ қобилияти интиқоли байналмилалӣ надоштааст.

Ҳайати таҳқиқ ва тафаҳҳуси маҷлис ҳамчунин таъкид дошт, ки созмони таъмини иҷтимоӣ қарор буда ширкатҳоии зиёндеҳи худро бифурӯшад, дар ҳоле ки теъдоде аз ширкатҳои мавриди тафоҳум, аз ҷумла Петрушимии Ободон ва Петрушимии Амири Кабир судовар будаанд.

Номи ширкатҳои бузурге ҳамчун Ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломӣ, Фӯлоди Хузистон, Фӯлоди муборакаи Исфаҳон, Миси шаҳид Боҳунари Кирмон, киштиронии Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳутелҳои Ҳумо дар феҳристи ширкатҳое аст, ки қарор буд саҳҳоми созмони таъмини иҷтимоӣ дар онҳо ба ширкати Суринет мунтақил шавад.

Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон

Бонки сармоягузории "Кант" дар Тоҷикистон муртабит бо оқои Занҷонӣ аст. Ин бонк тавассути ширкати "Ҳолдинг КантГруп Тоҷикистон" барои корҳои тармиму бозсозии Саристгоҳи шаҳри Душанбе 140 милюн сомонӣ масраф кардааст.

Дар маросими ифтитоҳи Саристгоҳи шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2013 оқои Занҷонӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳузур дошт ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар навори ифтитоҳияи ин муасисаро қайчӣ зад

Ширкати "Осиё Экспресс" низ, ки порлумони Тоҷикистон барои вуруди утубусу худравҳо ин ширкатро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ муъоф карда, ба ин тоҷири эронӣ муртабит аст.

Пештар расонаҳои Эрон хабар доданд, ки оқои Занҷонӣ гувоҳиномаи зоҳиран ҷаълии Бонки миллии Тоҷикистонро дар мавриди интиқоли 2 миллиёрд дулор дар ихтиёри вазорати нафти Эрон қарор додааст.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санаде дар мавриди интиқоли ду милёрд дуллор ба вазорати нафти Эрон барои Бобаки Занҷониро такзиб кардаанд.

Бархе манобеъ гуфтаанд, ки оқои Занҷонӣ дар садад будааст дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоӣ низ таъсис кунад.

Матолиби муртабит