Ширкати "Asian Express" ба истихдоми токсиронҳои зан авлавият медиҳад

Ширкати "Asian Express" мегӯяд, ки дар истихдоми ронандаҳои токсӣ ба довталабони зан авлавият қоил аст. Аммо ин ширкат дар садади роҳандозии сервиси вижаи "токсӣ барои занон" нест.
Далери Абдулло, сухангӯйи терминоли мусофирбарии шаҳри Душанбе, ки моли ин ширкат аст, рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки "Asian Express" аз рӯзҳои нахусти фаъъолияташ дар Тоҷикистон ба ҷалби ронандаҳо аз ҷумлаи бонувон авлавият қоил буд.
Ҳамакнун, ба гуфтаи вай, бо ворид шудани миқдори ҷадиди токсиҳо "Asian Express" қасд дорад теъдоди кормандонашро аз ҷумлаи бонувону занон афзоиш бидиҳад. Зимнан, токсиҳои ин ширкат тасвири духтаре бо либоси миллии тоҷикиро дар бар доранд.
Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, феълан раванди истихдоми ронандагон аз ҷумлаи занон идома дорад ва дар зудтарин фурсат сервиси "токсӣ барои занон" роҳандозӣ хоҳад шуд, ҳарчанд оқои Абдулло чунин эҳтимолро рад кард.
Авлавият додан ба истихдоми занон ба унвони ронандаҳои токсӣ дар ширкати "Asian Express" дар ҳолест, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон баҳсҳо дар бораи мазҳабӣ шудани бештари сокинон афзоиш ёфтааст.
Баъзе аз афроди мазҳабӣ хоҳони ҷудоии хадамоти мусофирбарӣ барои занон ва мардон ҳастанд, вале мунтақидон мегӯянд, ки ин амр ба табъизи ҷинсиятии бештар дар ҷомеъа меанҷомад.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки истихдоми занон ба унвони ронандагони токсӣ бештар ангезаҳои тиҷорӣ дорад ва ба мазҳабӣ шудани ҷомеъа камтар муртабит аст. Аз ҷумла бисёре аз ширкатҳо барои ҷалби муштариёни бештар аз зарфиятҳои занон, бавижа ҷаззобияти онҳо, истифода мекунанд.
Аммо манобеъи ширкати “Asian Express” мегӯянд, ки ин ширкат ҳуқуқи зану мардро мусовӣ медонад ва танҳо тахассус ва маҳорат ва қобилияти иртиботӣ ва муъоширатии афрод меъёри аслист.
Феълан бахши қобили мулоҳизае аз ҷомеъаи Тоҷикистон, умдатан мардон, дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва истифода аз нерӯи кории занон ба унвони ронандаҳои токсӣ осон ва судмандтар аст. Ин дар ҳолест, ки ахиран шумори ронандаҳои зан дар Тоҷикистон зиёд шудааст.
Сервиси "токсӣ барои занон" дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, бавижа дар ҷаҳони севум ва кишварҳои исломӣ роиҷ аст, ки дар он ронандагони токсиҳо танҳо занон буда ва умдатан барои занон хидмат мерасонанд. Вале дар мавориде дар канори хонумҳо оқоён ҳам аз он истифода мекунанд.
Чунин сервис дар бузургшаҳрҳое монанди Мумбай, дар ҷануби Ҳинд, вуҷуд дорад ва умдаи ронандагони ин токсиҳо низ занон ҳастанд. Дар бархе аз кишварҳо токсиҳои вижаи занон ранги суратӣ (ё гулобӣ) дорад.
Яке аз далоили роҳандозии сервиси "токсӣ барои занон" дар шаҳрҳои бузургу пурҷамъияти ҷаҳон таъмини амнияти онҳо маҳсуб мешавад. Зеро дар гузашта аз мавориди зиёди ҳамла ба занон тавассути ронандаҳо ва мусофирони токсиҳои маъмулӣ, бавижа шабҳангом, гузориш шудааст.
Ширкати "Asian Express" аз ҷумлаи ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки нахуст барои роҳандозии сервиси токсӣ худравҳои ҷадиди “Toyota Kamri” ворид кард ва сипас терминоли утубусҳои шаҳри Душанберо бозсозӣ кард.
Сипас, ин ширкат миқдоре аз утубусҳои хориҷӣ харидорӣ карда ва интиқоли мусофирон миёни шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистонро роҳандозӣ кард. Муштариёни ин ширкат мегӯянд, ки сервиси токсиҳои он бо таваҷҷуҳ ба вазъи Тоҷикистон нисбатан осон ва қиммати истифода аз онҳо ҳам мутавассит аст.
“Asian Express” ширкатест, ки аз сӯйи Бобаки Занҷонӣ, як тоҷири эронӣ таъсис шуда ва мнобеъи огоҳ мегӯянд, ки ӯ талош дорад дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии худро низ роҳандозӣ кунад. Бархе аз муъомилоти ин ширкат аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ мавриди таҳрим қарор дода шудааст.
