Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон: Эҳтимоли фарори Бобаки Занҷонӣ вуҷуд дошт

  • 6 Январ, 2014
Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ
Image caption Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ гуфтааст "ҳоло бояд баррасӣ кард, ки ин аснод (асноди интиқоли пул) ҷаълӣ будааст ё хайр"

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон гуфтааст, ки дастгирии Бобаки Занҷонӣ, сармоядори эронӣ ба далели эҳтимоли фирори ӯ будааст.

Оқои Занҷонӣ рӯзи душанбе (30 декабри 2013) тавассути додситонӣ боздошт ва ба зиндони Эвини Теҳрон мунтақил шуд.

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфтааст, ки оқои Занҷонӣ "дорои ширкатҳои мутаъаддид дар дохил ва хориҷи кишвар будааст, аммо мавзуъе, ки алон бо он рӯбарӯ шудаанд, ин аст ки вай маболиғеро аз бархе дастгоҳҳо ё қарордодҳоеро бо онҳо дошта, ки вуҷуҳро ба онҳо барнагардондааст, ки ин мавзуъ низ қобили баррасӣ аст."

Оқои Муҳсинии Эжаӣ гуфта Бобаки Занҷонӣ "дар баъзе аз сойтҳо баён кард, ки бидеҳии беш аз ду милёрд юрурро пардохт кардааст ва санадҳое дар ин росто мунташир шуд, аммо баъдан кашф шуд риёле ба ҳисобе, ки вай гуфта ворез нашуда, ҳол бояд баррасӣ кард, ки ин аснод ҷаълӣ будааст ё хайр. Оё ин маблағ пардохт шудааст ё на."

Ба гуфтаи оқои сухангӯи қувваи қазоияи Эрон "дастгоҳи қазоӣ беш аз як моҳ қабл вориди ин достон шуд, ба далели ин ки маблағи мазкур бисёр зиёд ва қобили таваҷҷуҳ аст ва қувваи қазоия натавониста нисбат ба он бетафовут бошад" аммо "номае аз ширкатҳои нафтӣ ба дасти ман расид, ки шумо таҳқиқотро мутаваққиф кунед ва муҷаддадан номаҳое ба мо заданд ва гуфтанд, ки пуле ба ин ҳисоб ворез нашуда ва хостори ин шуданд, ки таҳқиқот дар ин росто идома пайдо кунад."

Ин мақоми қазоии Эрон гуфтааст: "Дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ ба вай эълом шуда, ки ҳар имконеро, ки барои бозгардондани пуле, ки аз кишвар хориҷ карда, бихоҳад дар ихтиёри ӯ қарор медиҳем."

Дар нахустин ҳафтаҳои давлати Ҳасани Рӯҳонӣ, Бежани Зангина, вазири нафти Эрон гуфта буд, ки оқои Занҷонӣ ду милёрд дулор аз пули фурӯши нафтро ба хазона ворез накарда, аммо оқои Занҷонӣ посух дод, монеъи аслии интиқоли ин пул ба Эрон таҳримҳои байналмилалии бонкӣ ва мушкили интиқоли ин маблағ ба ҳисобҳои давлатӣ аз ҷумла вазорати нафт будааст.

Ӯ гуфта буд ба маҳзи ин ки вазорати нафт ҳисоберо муъаррифӣ кунад, ки барои интиқол мушкиле надошта бошад, ин пулро ба ҳисоб мунтақил хоҳад кард.

Як рӯз пеш аз гуфтаҳои сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар бораи Оқои Занҷонӣ бархе аз расонаҳои Эрон аз қавли манобеъи мутталеъ дар қувваи қазоия хабар дода буданд, ки маҳалли кори дастёри аршади Бобаки Занҷонӣ бозрасӣ шуда ва маъмурони қувваи қазоия пас аз баррасии аснод дастёри оқои Занҷониро ҳам боздошт кардаанд.

Расонаҳои эронӣ гузоришҳоеро дар мавриди вуҷуди санади интиқоли беш аз ду миллиёрд дулор аз тариқи Бонки милии Тоҷикистон ба ҳисоби вазорати нафти Эрон мунташир кардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти эронӣ ин санад ҷаълӣ будааст.

Дар пайи интишори ин хабар мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ироаи ҳар гуна санад ба оқои Занҷониро, ки сармоягузори наздик ба мақомоти аршади ин кишвар аст, рад карданд ва гуфтанд ҳиҷ рабте бо ин санад надоранд, ба хусус агар ҳарф аз санади ҷаълӣ дар миён аст.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳои таъйиднашудае аз дидору мулоқотҳои мақомоти баландпояи бонкии Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди иддаъоҳои марбут ба интиқоли пул ва асноди марбут бар он мунташир шудааст.

Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд фаъъолиятҳои ин тоҷири ҷанҷолбарангези эронӣ дар Тоҷикистон, бо вуҷуде ки боъиси эҷоди ҷойҳои кор дар ин кишвари ниёзманд ба эҷоди иштиғол ва фақир шуда, барои мақомоти ин кишвар, ки зоҳиран равобити наздик бо ӯ доштаанд, дардисарсоз ба назар мерасад.

Ба хусус аз ин лиҳоз ки исми ӯ дар феҳристи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон қарор дорад.

Матолиби муртабит