Дидори соҳибкорони тоҷику эронӣ дар Душанбе

  • 15 Ноябр, 2013

Дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон - 2013” дар шаҳри Душанбе дидори тоҷирону соҳибони корхонаҳои хусусии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, дар ин дидор мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи соҳибкорони эронӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Дар ин ҳамоиш масъулони ширкатҳои “Golghatre Tools”, “Yashm Paint Resin”, “Астаробар Шарқ” ва ширкатҳои дигари эронӣ, ки ба тавлиди ранг, семон, рӯғани растанӣ, нӯшобаҳо ва соири маводди ғизоию маҳсулоти сохтмонӣ машғуланд, ширкат доштаанд.

Дар поёни ҳамоиш миёни намояндагони ширкатҳои эронӣ ва ширкатҳои “Умед”, “Панҷ”, “Ширин”, “Роҳи абрешим” ва ширкатҳои дигари Тоҷикистон дидорҳои ҷудогона баргузор ва роҳҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.

Ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержӣ тавсеъа ёфта, Эрон дар заминаи бунёди роҳи оҳан, интиқоли нафту гоз ва нерӯи барқ бо Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ имзо кардааст.

Феълан дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштаркаи Эрону Тоҷикистон, аз ҷумла, корхонаи паррандапарварӣ, корхонаи тавлиди троктури мавсум ба “ТоҷЭрон” фаъъолият карда ва бо сармояи 500 милюндулори Эрон дар ҷануби Тоҷикистон корхонаи тавлиди семон бунёд хоҳад шуд.