Раиси порлумон хостори таҳқиқи қазияи Ҳусайнӣ шуд

  • 30 Апрел, 2014
ЗуҳуровImage copyrightBBC World Service
Image caption Шукурҷон Зуҳуров хостори таҳқиқи қазияи лату кӯби Сайидумар Ҳусайнӣ шудааст

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Шерхон Салимзода, додситони кулли ин кишвар хостааст, то қазияи лату кӯби Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумонро таҳқиқ кунад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагон баъд аз зӯҳри чоршанбеи 30 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз (30 апрел) оқои Зуҳуров бо Сайидумар Ҳусайнӣ, ки ба хотири ташреҳи нукоти паёми солонаи Президент Раҳмон ба порлумони кишвар дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон қарор дошт, сӯҳбат кардааст.

Оқои Султонов гуфт, хабари лату кӯб шудани оқои Ҳусайнӣ, намояндаи порлумон аз сӯйи афроди номаълум дар шаҳри Хоруғ раиси Маҷлиси намояндагонро нигарон сохта ва хостори таҳқиқи сареъи ин ҳодиса шудааст.

Зимнан, Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон рӯзи душанбеи 28 апрел тибқи роҳхати дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷамъи намояндагони порлумон барои ташреҳи паёми солонаи Президент Раҳмон ба порлумон вориди шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон шуда буд.

Манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон ба Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ин ҳизб ва намояндаи порлумони Тоҷикистон имкони дидору гуфтугӯ бо мардумро надодаанд.

Аз ин лиҳоз, оқои Ҳусайнӣ маҷбур шудааст, барои дидор бо масъулони ҲНИТ ба қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ биравад ва дар он ҷо муноқишае рух додааст.

Торнамои расмии ҲНИТ аз қавли Сайидумар Ҳусайнӣ навиштааст: "Чанд тан аз масъулони ҳукумат ва Кумитаи кор бо занон ҳамроҳи ҷавонони тануманд дохили бино шуда, "Наҳзат дар ин минтақа лозим нест, шумо моро ҷанг меандозед" гуфта ва бо нафарони ҳайат даст ба гиребон шуданд."

Бар асари лату кӯб Шоҳнаими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз қисмати бинӣ ҷароҳат бардоштааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилаи (ВУД) Тоҷикистон гуфтааст, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон дар шаҳри Хоруғ бо Асрор Булбулов, раиси пешини бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ муноқиша кардааст.

Дар баёни ин вазорат, ки дар сойти "mvd.tj" мунташир шудааст, далели ин муноқиша дар дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ба иддаъои Асрор Булбулов дар мавриди "таҳқири мардуми Бадахшон" аз суи оқои Ҳусайнӣ марбут дониста шудааст. Ин вазорат гуфтааст оқои Булбулов хостори узрхоҳии оқои Ҳусайнӣ шудааст.

Дар баёнияи ВУД чунин ба назар мерасад, ки муноқиша миёни аъзои ҲНИТ рух дода ва масъулони сохторҳои давлатӣ дар ин қазия дасте надоранд.

Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ ба гурӯҳи мураккаб "аз масъулони ҳукумат ва Кумитаи кор бо занон ҳамроҳи ҷавонони тануманд" ишора кардааст, ки ба аъзои ҳайати ҲНИТ ҳамла кардаанд.

Матолиби муртабит