Вазорати кишвар: Ҳусайнӣ бо фаъъоли пешини ҲНИТ муноқиша дошт

  • 30 Апрел, 2014
ҲусайнӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Пулис мегӯяд оқои Ҳусайнӣ бо раҳбари пешини ҲНИТ дар Хоруғ муноқиша кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва намояндаи порлумон, дар шаҳри Хоруғ бо Асрор Булбулов, раҳбари пешини бахши ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ муноқиша кардааст.

Дар баёнияи ин вазорат, ки дар сойти Вазорати умури дохилӣ мунташир шуда, ба муноқишае, ки рӯзи душанбеи 28 апрел дар дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рух дод, ишора шудааст.

Тибқи ин баёния, Асрор Булбулов, раҳбари пешини ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, оқои Ҳусайниро ба “таҳқири мардуми Бадахшон” муттаҳам карда ва хостори узрхоҳии ӯ шудааст.

Зимнан, оқои Булбулов ҳамон касест, ки моҳи августи соли милодии гузашта бо пахши баёнияе аз тариқи шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон раҳбарони ҲНИТ-ро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда ва аз суфуфуи ин ҳизби мухолифи давлат хориҷ шуда буд.

Вай он замон худро раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ муъаррифӣ карда ва аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ интиқод карда буд, ки шумори аъзои ин ҳизб дар вилояти Бадахшонро бамаротиб бештар аз шумори воқеъӣ нишон додааст.

Оқои Булбулов он замон гуфта буд: "Наҳзатиҳои бадахшониро ҳаматарафа халқ хуш намепазирад ва аз ман талаб доранд, ки фаъъолиятамро қатъ намоям. Воқеъан, ҲНИТ дар Бадахшон даркор нест. Дар он рӯйхат навишта буданд, ки ман 252 нафар аъзо дорам, дар шаҳри Хоруғ ман ин миқдор аъзо надорам. Ман муъовини худро дидагӣ нестам, ҳамагӣ 5 аъзо дорам."

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи апрели соли гузашта Асрор Булбулов ба родиюи “Озодӣ” гуфта буд, ки "мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Бадахшон як маъракаи зидди (ҳизби) наҳзатро оғоз карда, аз бахшҳои ин ҳизб талаб доранд, ки аъзои худро аз сафҳояшон хориҷ кунанд.”

Дар иртибот ба муноқишаи ахир дар шаҳри Хоруғ торнамои расмии ҲНИТ аз вуруди масъулони ҳукумат ва Кумитеи кор бо занон ҳамроҳи ҷавонони тануманд ба дохили бинои ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ хабар дода буд.

Ин манбаъ навишта буд, ки ин афрод бо нидои “Наҳзат дар ин минтақа лозим нест, шумо моро ҷанг меандозед” бо аъзои ҳизб даст ба гиребон шудаанд.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, бар асари лату кӯб Шоҳнаъими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ноҳияи бинияш ҷароҳат бардоштааст. Вале Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон (ВУД) гуфтааст, ки Сайидумар Ҳусайнӣ ва Шоҳнаъими Карим дар идораи умури дохилаи шаҳри Хоруғ ҳозир нашуда ва ҳеч шикояте ҳам накардаанд.

Дар баёнияи ВУД омадааст: "Бино бар ин маводи ҷамъоваришуда қарори (тасмими) лозимӣ қабул карда шуда, барои мувофиқа ба Прокуратураи (додситонии) шаҳри Хоруғ фиристода шуд.”

Зимнан, Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, рӯзи душанбеи 28 апрел тибқи роҳхати дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷамъи гурӯҳе аз аъзои порлумон барои расондани паёми солонаи раисҷумҳур ба порлумон вориди шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, шуда буд.

Манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон ба Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ин ҳизб ва намояндаи порлумон, имкони дидору гуфтугӯ бо мардумро надодаанд.

Аз ин лиҳоз, оқои Ҳусайнӣ маҷбур шудааст, ки барои дидор бо масъулони ҲНИТ ба қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ равад ва дар он ҷо ин иттифоқ уфтодааст.

Дар баёнияи ҲНИТ ба ҳодисаи мушобеҳе дар моҳи августи соли гузашта ишора шудааст, ки он замон ҳайъати эъзомии ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ аз сӯйи гурӯҳе мавриди таҳдиду таъқиб қарор гирифтаанд ва ниҳодҳои зирабт то ҳол ҳувияти ин гурӯҳ ва аҳдофи онро мушаххас накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зуҳри имрӯз торнамои расмии ҲНИТ матлабе интишор дода ва иддаъоеро мабнӣ бар ин ки гӯё оқои Ҳусайнӣ "мардуми Бадахшонро таҳқир кардааст", такзиб кардааст.

Дар ин матлаб омада, ки "фарҳанги тавҳину таҳқири сокинони як маҳалл ё минтақа барои Сайидумар Ҳусайн ва умуман, наҳзатиён бегона аст."

Торнамои расмии ин ҳиби мухолиф ба "иштибоҳоти зиёде" дар баёнияи ВУД ишора карда ва меафзояд, ки Асрор Булбулов ҳеҷ гоҳ риёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро ба уҳда надошт ва низ Шоҳнаъими Карим , на раиси дастгоҳ, балки узви Шӯрои сиёсии ин ҳизб аст.

Дар ин матлаб омадааст: "Ин гуна иштибоҳот дар пурсиши масъулини пулис далолат бар он менамоянд, ки қазияи "пешвозгирӣ"-и Саидумар Ҳусайнӣ, вакили мардумӣ дар парлумон, ва ҳамроҳони ӯ дар ҳукумати вилояти Бадахшон ба таври лозим ва мунсифона мавриди тафтиш қарор нагирифтааст."

Матолиби муртабит