"Ихлол" дар мулоқоти Сайидумар Ҳусайнӣ бо мардум дар шаҳри Хоруғ

  • 28 Апрел, 2014
ҲусайнӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон ба Сайидумар Ҳусайнӣ имкони мулоқот бо раъйдиҳандагонро надодаанд

Манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон ба Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ин ҳизб ва намояндаи порлумони Тоҷикистон имкони дидору гуфтугӯ бо мардумро надодаанд.

Оқои Ҳусайнӣ рӯзи душанбеи 28 апрел тибқи роҳхати дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷамъи намояндагони порлумон барои ташреҳи паёми солонаи Президент Раҳмон ба порлумон вориди шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон шуда будааст.

Бино ба иттилоъи "nahzat.tj", сойти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мақомоти вилояти Бадахшон аз пазиройӣ ва сӯҳбат бо Сайидумар Ҳусайнӣ имтиноъ ҷуста ва барои дидору гуфтугӯ бо мардум шароите барояш фароҳам накардаанд.

Сипас, оқои Ҳусайнӣ маҷбур шудааст, барои дидор бо масъулони ҲНИТ ба қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ равад.

Ин манбаъ аз қавли Сайидумар Ҳусайнӣ навиштааст: "Дар ҳамин ҳол, чанд тан аз масъулони ҳукумат ва Кумитаи кор бо занон ҳамроҳи ҷавонони тануманд дохили бино шуда, “Наҳзат дар ин минтақа лозим нест, шумо моро ҷанг меандозед” гуфта ва бо нафарони ҳайат даст ба гиребон шуданд."

Бар асари лату кӯб Шоҳнаими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз қисмати бинӣ ҷароҳат бардоштааст.

Муҳоҷимон аз аъзои ҳайат тақозо кардаанд, ки шаҳри Хоруғро тарк кунанд. Дар ғайри ин сурат "онҳоро аз табақаи дуюм ба зер хоҳанд афканд."

Зимнан, дар моҳи августи соли гузашта ҳайати ҲНИТ, ки аз Душанбе ба вилояти Бадахшон рафта буд, аз сӯйи гурӯҳе мавриди таҳдиду таъқиб қарор гирифта ва ниҳодҳои зирабт то ҳол ҳуввияти ин гурӯҳ ва аҳдофи онро мушаххас кардаанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд "таҳдиду фишор болои Сайидумар Ҳусайнӣ" аз ҷониби масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон "амалиёти навбатӣ алайҳи намояндаи ҲНИТ дар порлумон" қабл аз баргузории интихоботи порлумонӣ аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз мулоқоти ӯ бо раъйдиҳандагон анҷом шудааст.

Матолиби муртабит