Вокуниши ҲНИТ ба пахши видиюҳое зери унвони "Нури наҳзат"
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пахши видиюҳое зери унвони “Нури наҳзат” дар шабакаи интернетро амали навбатии ниҳодҳои амниятии кишвар алайҳи ин ҳизб арзёбӣ кардаанд.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 25 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин кор ба хотири дар ҷомеъа беэътибор сохтани ҳизби наҳзати исломӣ анҷом шудааст.
Оқои Ҳусайнӣ пахши видиюҳо дар бораи аъзои ҲНИТ-ро идомаи “маъракаи зиддинаҳзатии ҳукумат” хонда ва гуфт, ки ба далели саршори фаҳшо будани ин видиюҳо он чун тибқи маъмул на дар расонаҳои давлатӣ, балки дар шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбук ва Ютюб пахш шудаанд.
Аз ҷумла, ӯ ба чопи мақолае бо номи “Кабирӣ ва роҳи пурхатари ӯ” дар нашрияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ишора карда ва гуфт, ки чи гуна Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар зарфи 10 соли ахир намояндаи порлумон буда ва суҳбатҳояш дар ҳама ҷо ба таври ошкор чоп мешавад, мардуми кишварро ба роҳи хатарнок ҳидоят хоҳад кард?
Зимнан, ду видиюи “Нури наҳзат” аз номи "идораи амнияти дохилии" ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуд ва дар онҳо аз аъмоли ғайриахлоқӣ ва фаҳшо миёни масъулони ин ҳизб ҳикоят шудааст.
Аз ҷумла, дар яке аз ин видиюҳо Маҳмадраҷаб Ризоев, муъовини раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Турсунзода, ба ҳамҷинсгаройӣ муттаҳам шудааст.
Сайидумар Ҳусайнӣ узви ҲНИТ будани Маҳмадраҷаб Ризоевро эътироф кард, аммо гуфт маълум нест, ки шахси ришдори зоҳиршуда дар ин видию оқои Ризоев аст ё хайр.
Зимнан, Кумитаи дин ва танзими маросим ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон пахши саҳнаҳои фаҳшо дар видиюҳои мавсум ба “Нури наҳзат”-ро маҳкум карда ва онҳоро муғойир бо аҳкоми исломӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, ки масъулони ин ҳизб дар бораи ин видию чандон нигарон набуда, вале пайдо шудани хабарҳо дар бораи таҳия ва пахши видиюҳои мушобеҳ дар бораи мақомоти давлатӣ, ки ба бахши амнияти амниятии дохилии ҲНИТ мунтасаб дониста мешаванд, онҳоро шадидан нигарон сохтааст.
Гуфта мешавад, таҳиякунандагони ин видиюҳо талош кардаанд мавориди фасод дар миёни бархе аз масъулони баландпояи давлатиро ифшо кунанд. Ҳарчанд ин видиюҳо ба ҲНИТ нисбат дода шудаанд, аммо оқои Ҳусайнӣ гуфт, ки масъулони ҳизб дар бораи ин видиюҳо иттилоъ надоранд.
Вай гуфт: "Гӯё ин зарбаҳои ҷавобии ҲНИТ ба ҳукумат будаасту як навъ муборизаи дуҷониба шурӯъ шудааст, ки ин хеле хатарнок аст."
