'Боздошти Адолатов идомаи саркӯби аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ аст'

  • 15 Апрел, 2014
ҲНИТImage copyrightBBC World Service
Image caption ҲНИТ аз афзоиши фишор ва саркӯби аъзо ва ҷонибдоронаш аз сӯйи маъмурони давлатӣ хабар додааст

Саъодатшо Адолатов, раҳбари шуъбаи маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудааст.

Дар ин бора торнамои хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба манобеъи амниятӣ хабар дод.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, оқои Адолатов дар қаламрави ноҳияи Ванҷ дар пайи шикояти гурӯҳе аз сокинони ин минтақа боздошт шудааст. Мақомот ӯро ба "барангехтани кинаву адовати динӣ" ва "тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин" муттаҳам кардаанд.

Алайҳи оқои Адолатов парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад. Саъодатшо Адолатов сокини ноҳияи Ванҷ аст ва дар хабари “Ховар” омадааст, ки беш аз сӣ нафар аз сокинони рустои Мотравн ва Вравзи ҷамоъати Язғуломи ин ноҳия дар бораи "аъмоли ғайриқонунии" вай шикоят кардаанд.

Ин хабаргузорӣ менависад: "Ташхиси пешакии мутахассисони соҳаи диншиносӣ дар робита ба мазмун ва мундараҷаи аризаи дастаҷамъона ва баёноти сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоъати Язғулом нишон дода, ки дар ҳаракатҳои С.З. Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин дида мешавад."

Саъодатшо Адолатов дар моҳи августи соли 2013 ба симати раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуд. Қаблан дар ин симат Муслима Броимшоева ифои вазифа мекард, ки дертар истеъфо кард.

Боздошти оқои Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки ахиран ҲНИТ аз афзоиши фишор ва саркӯби аъзо ва ҷонибдоронаш аз сӯйи маъмурони давлатӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабар додааст.

'Идомаи саркӯбӣ'

Раҳбарони ин ҳизб нисбат ба боздошти ин мақоми маҳаллии худ дар вилояти Бадахшон ҳанӯз вокунише накардаанд. Як масъули ин ҳизб, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳизб ҳанӯз дар мавриди боздошти оқои Саъодатов тасмиме нагирифтааст.

Аммо худи ӯ муътақид аст, ки боздошти оқои Саъодатов идомаи корзори "фишор ва саркӯби" аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ аст, ки бонуфузтарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар гузашта, фаъъолони ин ҳизб аз мавориди фишору таъқиби маъмурони давлатӣ бар аъзои он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон барои хориҷ шудан аз суфуфи ҳизб хабар дода буданд.

Ахиран аз мавориди баста шудани дарҳои дафотири маҳаллии ҳизб аз сӯйи маъмурони давлатӣ ба баҳонаҳои вазъи номусоъиди беҳдорӣ ва ё хатари оташсӯзӣ гузориш шудааст. Ҳатто ахборе дар бораи мухтал кардани ҷаласоти ин ҳизб тавассути гурӯҳҳои тарафдори давлат низ мунташир шудааст.

Расонаҳои давлатӣ пайваста дар бораи аъмоли раҳбарон ва фаъъолони ҲНИТ матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ ахиран видеуҳое дар бораи зиндагии шахсӣ ва равобити маҳрамонаи бархе аз аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб, ки ҳеч рабте ба масолеҳи умумӣ надоранд, пахш шудааст.

'Абзорҳои қонунӣ'

Ахиран Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон барои бозпас гирифтани бозори мавсум ба “Саховат” дар ноҳияи Турсунзода, ки ба хонавода ва пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, мутаъаллиқ аст, даст ба иқдомоти қонунӣ ва қазоӣ задааст. Қарор буд додгоҳи ноҳияи Турсунзода имрӯз дар ин маврид ҳукме содир кунад, аммо эъломи ҳукми додгоҳ ба таъвиқ уфтодааст.

Таҳлилгарон ин қазияро сиёсӣ медонанд ва мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон мехоҳад бо суиистифода аз абзорҳои қонунӣ мухолифонашро саркӯб кунад, вале ожонси зиддифасод ин иддаъоро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон муътақиданд, ки мақомоти тоҷик устони кӯҳистонии Бадахшонро барои худ як минтақаи хатарзо арзёбӣ мекунанд. Тобистони соли 2012 раҳбари бахши маҳаллии Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин минтақа кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса, давлати Тоҷикистон амалиёти густардаеро бо ҳузури артишиён "барои боздошт ва муҷозоти" чаҳор фармондеҳи маҳаллӣ дар Хоруғ, маркази ин вилоят, ба роҳ андохт, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ҳудуди 50 кушта, ғолибан аз миёни ғайринизомиён, барҷо гузошт.

Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши маҳаллии ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, аз ҷумлаи афроде буд, ки дар ҷараёни ин амалиёт дар шароите машкук кушта шуданд.

Ин амалиёт, ки ба назари бисёре аз таҳлилгарон, ба нокомии нерӯҳои давлатӣ анҷомид, хашму норизоятии сокинони маҳаллиро барангехт ва пас аз эътирозоти густардаи мардуми маҳаллӣ мутаваққиф шуд.

Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аз манотиқи таҳти кунтрули нерӯҳои мухолифи давлат маҳсуб мешуд.

Матолиби муртабит