Нигаронии ҲНИТ аз афзоиши фишорҳо бар аъзо ва ҷонибдоронаш
Image copyrightBBC World ServiceФаъъолони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), бонуфузтарин ҳизби мухолифи расмии давлат дар Тоҷикистон, аз афзоиши чашмгири фишорҳо бар аъзо ва ҷонибдорони худ хабар доданд.
Аз ҷумла, ниҳодҳои давлатӣ ахиран фаъъолияти дафтари ин ҳизб дар ноҳияи Спитаменро мутаваққиф кардаанд. Ҳарчанд ҲНИТ мегӯяд, ки дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Спитамен дафтареро аз муддатҳо қабл иҷора гирифта ва маблағи онро аз пеш пардохтааст, вале мақомот иддаъо доранд, ки иҷораи ин дафтар ба таври ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳизбӣ аз талоши мақомот барои водоштани бархе аз аъзои ин ҳизб ба тарки иҷбории узвияти он дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар додаанд. Ба навиштаи торнамои расмии ҲНИТ, бархе аз мақомоти рустои Арали ин ноҳия аз номи аъзои ҲНИТ ариза навишта ва онҳоро водор кардаанд, ки аз суфуфи ҲНИТ хориҷ шаванд.
Ин воқеъа 27-уми моҳи март рух додааст ва ба навиштаи торнамои расмии ҲНИТ, чаҳор нафар аз аъзои ин ҳизб ночор шудаанд, ки аз узвияти худ дар ҲНИТ даст кашанд.
Дар суҳбат бо масъулони сойти ҲНИТ афроди мубтакири ин амр изҳор доштаанд, ки узви ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон ҳастанд. Вале ҳамзамон ин иддаъоро рад кардаанд, ки аъзои ҲНИТ-ро ба хориҷ шудан аз суфуфи ҳизб водор кардаанд.
Зимнан, дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон фишорҳо алайҳи аъзои ҲНИТ оғоз шуда буд ва фаъъолони ин ҳизб муътақиданд, ки то ҳол давлат барои фишор бар ин ҳизб аз шеваҳои мухталиф ва ҷадид истифода мебарад.
Дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии соли гузашта, ки 6 ноябр баргузор шуд, телевизиюнҳои давлатӣ маҷмӯъе аз барномаҳоро пахш карданд, ки дар он шуморе аз шаҳрвандон хостори бастани ҲНИТ шуда буданд.
Ҳамчунин, дар нашрияҳои расӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ шуморе аз афроди тарафдори давлат, ки бисёриҳо онҳоро "фабрикаи ҷавоб" меноманд, интиқодоти густардае алайҳи ин ҳизб матраҳ кардаанд.
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки тайи чанд рӯзи ахир ин гуна "фишорҳо ва душмантарошиҳо" дар мавриди ҲНИТ ва аъзояш дар сойтҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ афзоиш ёфтааст. Ба гутаи онҳо, "ҳамалоти расонаӣ" алайҳи ҲНИТ дар остонаи интихоботи ояндаи порлумонӣ, ки соли 2015 доир мешавад, сурат мегирад.
Авоили ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаи Ютюб видеуҳои ҳовии саҳнаҳои мубоширати ҷинсӣ, аз ҷумла ҳамҷинбозӣ, мунташир шуд, ки интишордиҳандагонаш онро ба аъзои ҲНИТ муртабит хондаанд.
ҲНИТ вокуниши расмие ба ин видеуҳо накарда, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки пахши ин видеуҳо баёнгари як "ҷанги тамом айёри расонаӣ" алайҳи мухолифон, аз ҷумла фаъъолони ин ҳизби бонуфузи мухолифи давлат дар Тоҷикистон аст.
Яке дигар аз қазоёи марбут ба ҲНИТ, баррасии мавзӯъи ғайриқонунӣ будани хусусисозии бозори шаҳри Турсунзода аз сӯйи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизб, ва бархе аз пайвандонаш дар додгоҳ аст. Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон хусусисозии ин бозорро ғайриқонунӣ хондаааст.
Ҳарчанд муҳокимаи додгоҳии ин қазия идома дорад, вале Муҳиддин Кабирӣ эълом кард, ки нисбат ба ояндаи ин бозор хушбин нест ва омода аст аз баҳри ин дороии худ бигзарад. Зеро аз фаъъолияти ин бозор барои хонаводаи худ суде ба даст наовардааст.
ҲНИТ танҳо ҳизби исломӣ ва бонуфузтарин гурӯҳи расмии мухолифи давлат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Феълан ин ҳизб дар порлумон ду намоянда дорад. Вале соҳибназарон мегӯянд, ки ин ҳизб дар ҷомеъа нуфузи густардае дорад.
Дар замони ҷанги дохилии оғози даҳаи 1990 ҲНИТ нерӯи аслии Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки тайи панҷ сол ҷонибдоронаш алайҳи нреӯҳои давлатӣ ҷангидаанд. Баъд аз имзои созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997, ҲНИТ дубора фаъъолияти худ дар дохили кишварро аз сар гирифт ва ба як ҳизби сиёсии расмии мухолиф табдил шуд.
