Посухи Бег Зуҳуров ҲНИТ-ро қонеъ накард

  • 14 Май, 2013
Бег Зуҳуров
Image caption Посухи Бег Зуҳуров ҲНИТ-ро қонеъ накардааст

Раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон зимни ирсоли номае ба масъулони Ҳизби наҳзати исломии кишвар гуфтааст, ки қазияи масдуд шудани сойти ин ҳизб ба идораи онҳо рабте надоштааст.

Дар номаи расмии Бег Зуҳуров, ки рӯзи сешанбеи 14 май, дар сойти “nahzat.tj” мунташир шуд, ба масъулони ин сойт пешниҳод шудааст то барои ҳалли ин мушкил ба фароҳамкунандагони интернет (провайдерҳо) муроҷиъат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши сойти ҳизби наҳзат омадааст, ки кормандони ширкатҳои фароҳамкунандаи интеренти Тоҷикистон, аз ҷумла, “Indigo Tajikistan” гуфтаанд, ки онҳо аз Идораи иртиботот дастури шифоҳӣ барои масдуд кардани сойти “nahzat.tj”-ро дарёфт кардаанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули сойти “nahzat.tj” дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ посухи Бег Зуҳуровро “норӯшан ва ғайримантиқӣ” хонд.

Зеро ба гуфтаи оқои Файзраҳмон, мушкили сойти “nahzat.tj” на танҳо бо ширкати фароҳамкунанади интерент “Babilon-T”, ки бо ин сойт шартномаи тарафайн дорад, маҳдуд намонда, балки ин сойт тавассути ширкатҳои дигаре чун “Indigo Tajikistan”, “Beeline.tj”, “Megafon.tj”, “Saturn” ва “Easteria” дастнорас аст.

Аз сӯйи дигар, ӯ гуфт, Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон масдуд шудани сойти “nahzat.tj”-ро ба мушкилоти фаннӣ марбут хондааст, дар ҳоле, ки дастрасӣ ба ин сойт дар хориҷ аз Тоҷикистон ва тавассути сойтҳои шаффофкунанда (прокси) имконпазир аст.

Масъулони сойти “nahzat.tj” гуфтанд, ки нахуст талош хоҳанд кард, то аз тариқи Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба сойти “nahzat.tj”-ро бо Идораи иртибототи Тоҷикистон ҳалл кунанд.

Онҳо мегӯянд, дар сурати ноком шудан дар ин талош маҷбур хоҳанд шуд, дар ин замина ба додгоҳ муроҷиъа кунанд.

Зимнан, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар як номаи расмӣ аз масдуд шудани сойтҳои “nahzat.tj”, “nahzat.net” ва “nahzat.org” дар ҳудуди Тоҷикистонрӯзи 25 апрели соли ҷорӣ хабар дода ва аз Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон хостори дар муддати се рӯзи оянда тавзеҳи ин вазъ шуданд.

Ҳамзамон, сойти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарчашмаи ҷадиди интернетӣ ва бо номи “nahzat.info” рӯйи сафаҳоти интернет пайдо шуд. Масъулони сойт ин иқдомро навъи талош барои пур кардани фазои холии сойтҳои “nahzat.tj”, “nahzat.net” ва “nahzat.org” унвон кардаанд.

Матолиби муртабит