Маҳкумияти як ҷавони тоҷик ба ҳабси тӯлонӣ дар Русия
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳе дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар сирқат ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта ва барои 15 сол ба зиндон маҳкум кардааст.
Қозии додгоҳи ноҳияи Никуленскийи ин шаҳр ин табаъаи тоҷикро равонаи зиндони низоми сангин кардааст.
Тавре ки сойти расмии Додситонии Русия хабар медиҳад, ин ҷавони 23-сола муттаҳам шуда, ки бо ҳамдастони худ дар шаҳри Маскав ба духтарони ҷавоне таҷовуз карда ва дороиҳои онҳо ба сирқат мебурдааст.
Дар хабари ин ниҳод ҳввияти ин табаъаи Тоҷикистон муъайян шуда ва аз ӯ Мансур Шакаров ном бурда мешавад. Ҳамчунин, масъулони додситонӣ гуфтаанд, ки яке аз муттаҳамон ба ҳамдастии оқои Шакаров низ боздошт шуда ва дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Тибқи иддаъои додситонии Русия, таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ муъайян карда, ки оқои Шакаров ва яке аз ҳамроҳонаш дар соли 2012 ба як духтари 14-сола дар хиёбони Мичуринскийи шаҳри Маскав ҳамла карда ва ӯро шадидан лату кӯб кардаанд ва ба номуси вай таҷовуз кардаанд.
Ҳамчунин, ин ду фард, ки бо духтар аз қабл ошно будаанд, телефуни ҳамроҳ ва кифи ӯро бо худ бурдаанд.
Аз сӯйи дигар, кормандони интизомӣ иддаъо кардаанд, ки оқои Шакаров ва ҳамдастӣ ӯ дар моҳи апрели соли 2013 низ чунин аъмолеро нисбат ба сокини дигари 18-солаи шаҳри Маскав анҷом додаанд.
Ин дувумин бор аст, ки додгоҳҳои Русия дар як ҳафтаи ахир атбоъи тоҷикро маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ мекунанд. Чанд рӯз қабл, додгоҳи вилояти Аштархон як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир муҷрим шинохта ва барои беш аз 15 сол равонаи зиндон карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Идораи бозҷӯйии Русия аз боздошти як шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон дар вилояти Тулаи он кишвар ба занни қатли зане, ки ҳамхонааш буда, хабар додааст.
Дар иттилоъияи сойти расмии ин ниҳод омадааст, ки ин табаъаи тоҷик маъшуқаи худро дар пайи муноқишае шадидан лату кӯб карда ва дар натиҷа зан ҷони худро аз даст додааст.
Беш аз як милюн нафар аз атбоъи Тоҷикистон дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ фаъъолият доранд ва ҳамасола аз мавориди зиёди боздошт ва маҳкумияти онҳо ба иттиҳоми иртикоби ҷароими мухталиф гузориш мешавад.
