Сафорати Тоҷикистон ширкати тоҷикон дар задухӯрдро такзиб кард
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як баёния, хабарҳо мабнӣ бар ширкати атбоъи ин кишвар дар задухӯрди рӯзи 26 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскавро бепоя хондааст.
Зимнан, дар шабакаи “YouTube” навори видиюӣ дар мавриди задухӯрди муҳоҷирони дар хиёбони Тестии шаҳри Маскав пайдо шуд, ки гуфта мешуд, дар ин задухӯрд муҳоҷирони тоҷику ӯзбак бо олоти корӣ ба ҷони ҳамдигар дарафтодаанд.
Бино ба иттилоъи Идораи умури дохилаи шаҳри Маскав, ҳудуди 450 тан аз афроде, ки дар задухӯрд ширкат доштанд, боздошт шудаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз қавли Ҳасан Ускан, раиси кулли ширкати сохтмонии туркӣ, ки бунёди маҷмаъаи “Москва-Сити”-ро ба ӯҳда дошта ва дар он ҷо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъъолият мекунанд, ширкати тоҷикон дар ин ҳодисаро рад кардааст.
