Интиқоди Омрико аз набуди шаффофият дар иқтисоди Тоҷикистон

  • 2 Июл, 2014
ОмрикоImage copyrightGetty
Image caption Омрико пайваста аз равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунад

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон бо интишори гузорише аз вазъи иқтисодии ин кишвар шадидан интиқод кардааст.

Ин гузориш аз сӯйи Эрик Зелтсман, муъовини раҳбари бахши масоили сиёсӣ ва иқтисодии ин сафоратхона таҳия шудааст.

Дар ин гузориш умдатан масоили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, шаффофияти умури иқтисодӣ, рақобат миёни корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, фаъъолияти бонкҳо ва равобити хешутаборӣ дар умури иқтисодӣ баррасӣ шудаанд.

Гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба тавсеъаи тиҷорат дар ин кишвар алоқаманд аст, вале бо мушкилоте назири набуди мудирияти пешрафта, фасоди густарда ва робитаҳои хешутаборӣ мувоҷеҳ аст.

Муаллиф афзудааст: “Дар асл ҳанӯз ҳам умури идории шӯравӣ дар Тоҷикистон побарҷост.”

Муаллифи матлаб ҳамзамон иддиъо кардааст, ки ришвагирӣ дар Тоҷикистон ҳамчун маризии бедаво боқӣ мондааст.

Вай афзудааст: “Мақомот ва ниҳодҳои танзимкунанда маъмулан қавоъиди тиҷоратро худсарона зери по мекунанд. Фармонҳои раисиҷумҳур, тасмимҳои ҳукумат, фармоишҳои вазирон маъмулан барои ҷомеъа дастрас нестанд ва ба ин далел ширкатҳо ва сармоягузорон аз қавоъиди тиҷорат огоҳ нестанд.”

Бахши аъзами ин гузориш ба фаъъолияти бонкҳо ихтисос ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ҳарчанд ин бахши иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, вале бонкҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд. Камбуди сармоя, ироаи хадамоти бонки маҳдуд ва паёмадҳои буҳронҳои қаблии низоми бонкӣ аз ҷумлаи ин мушкилот аст.

Нахуст таъкид шудааст, ки алорағми таҳримҳои Омрико дар Тоҷикистон “Конт Инвестбонк” фаъъолият дорад, ки моли Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон, аз боло будани мизони баҳраҳои бонкӣ дар Тоҷикистон интиқод шудааст. Бонкҳои Тоҷикистон ба муштариён бо баҳраи 27-дарсадӣ бо сомонӣ ва бо баҳраи 23-дарсадӣ бо арз бидеҳӣ медиҳанд. Бонкҳо мегӯянд, ки бо камбуди маблағ рӯбарӯ ҳастанд ва ночоранд баҳраи бидеҳиҳиро боло бибаранд.

Зимнан, дар Тоҷикистон ин мавзӯъ пайваста дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор дошта ва ҳатто мақомоти баландпоя аз ин амр интиқод мекунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи соҳибназарон, дар ҷанд соли ахир баҳраи бидеҳиҳо дар бонкҳои Тоҷикистон андаке пойин рафтааст.

Аз сӯйи дигар, дар гузориши сафорати Омрико дар Тоҷикистон гуфта шуда, ки камбуди маблағ дар бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан маблағи муъодили 50-дарсади тавлиди нохолиси дохилиро мунтақил кардаанд. Сокинон бидуни иштиёқ ин маблағро дар бонкҳо пасандоз мекунанд. Вале бонкҳо ба муштариён бидеҳиҳои хеле гарон медиҳанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин аз набуди бозори саҳом дар Тоҷикистон интиқод шудааст. Ҳарчанд тайи чанд сол мешавад, ки тарҳи ин қонун дар ҳоли баррасӣ аст:

Сафорати Омрико менивисад: "Бидуни бозори саҳом хариду фурӯши ширкатҳо ғайримумкин аст. Ҳарчанд афроде, ки бо мақомот иртибот доранд, бар ивази маблағи ночиз ширкатҳои бузургеро аз роҳи фишорҳои сиёсӣ ва ё муҳокимаҳои додгоҳӣ аз они худ мекунанд.”

Ҳамзамон гуфта шуда, ки дар Тоҷикистон бештари корхонаҳои кӯчак ва мутавассит хусусӣ карда шудаанд. Аммо ширкатҳои бузурге назири “Барқи тоҷик”, “Тоҷикгоз” ва “Талко” ҳамчунон давлатӣ боқӣ мондаанд.

Муаллифи гузориш афзудааст, ки фаъъолияти ширкатҳои давлатии Тоҷикистон ношаффоф аст.

Матолиби муртабит