Дидори як женероли омрикоӣ аз Тоҷикистон
Курт Кройтзир, муъовини фармондеҳи нерӯҳои вижаи Омрико (SOCCNET), рӯзи сешанбеи аввали апрел аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии сафоратхонаи Омрико дар Тоҷикистон, оқои Кройтзир дар дидор бо сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ва низомиёни тоҷик мавзӯъи таъмини амният дар минтақаро баррасӣ кардааст.
Ин манбаъ аз овардани исми раҳбарони низомии тоҷик, ки бо оқои Кройтзир дидор кардаанд, худдорӣ карда, вале афзудааст, ки дар ин мулоқот мавзӯъи вазъи ҳамкориҳои низомии миёни ин ду кишвар ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Бархе аз соҳибназаро баъид намедонанд, ки дар мулоқоти ин мақоми низомии омрикоӣ бо мақомоти тоҷик вазъият дар Укройн ва таниши он кишвар бо Русия бар сари Криме низ баррасӣ шуда бошад.
Дидори ӯ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазирони дифоъи Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, идома дорад.
