Ваъдаи кумакҳои бештари низомии Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон
Image copyrightAPДавлати Русия эълом карда, ки барои тақвияти зарфияти дифоъии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон 411 милюн дулор ба ин ду кишвар кумак мекунад.
Тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳии Русия, ин хабарро рӯзи панҷшанбеи 10-уми апрел Анатолий Антонов, муъовини вазири дифоъи Русия, эълом кардаааст.
Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, Русия қасд дорад бо ироаи ин кумак аз таҳдидҳои эҳтимолӣ барои ин кишварҳо пас аз хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷилавгирӣ кунад.
Оқои Антонов гуфтааст: "Мо бо раҳбарии ин ду кишвар дар бораи ироаи фанновариҳои ҷадиди низомӣ бо ҳазинаи милёрдҳо рубл тавофуқ кардем. Мо ба ин минтақа таҷҳизоти мудерн ирсол мекунем, то битавонем ба нерӯе, ки қасд дорад моро таҳдид кунад, сареъан посух бидиҳем."
Русия дар Тоҷикистон як пойгоҳ ва дар Қирғизистон як фурудгоҳи низомӣ дорад. Дар пойизи соли гузаштаи мелодӣ Тоҷикистон қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро тасвиб кард.
Он замон мақомоти низомии Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ба ин кишвар аз соли 2005 ба ин сӯ маблағи беш аз 400 милюн дулор кумакҳои низомӣ ироа кардааст.
Соли гузашта руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия ҳамчунин тавофуқ карданд, ки ба манзури тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар остонаи хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон Маскав ба Душанбе маблағи ҳудуди 200 милюн дулор кумакҳои низомӣ ироа кунад.
Бахшҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб мустақар аст. Ахиран Русия барои бароварда сохтани ниёзҳои низомии худ дар Тоҷикистон ба ягонҳои низомии худ дар ин пойгоҳ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва лавозими дигари низомӣ ворид кардааст.
Хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 дар назар гирифта шудааст. Феълан дар ин кишвар ҳудуди 63 ҳазор низомиён аз кишварҳои узви НОТУ мустақар ҳастанд. Эҳтимолан, баъд аз хуруҷи ин нерӯҳо ҳудуди 12 ҳазор низомиёни НОТУ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
Мақомоти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон нигарониҳоеро дар мавриди вазъияти амниятии минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон матраҳ кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки Русия талош дорад ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш бидиҳад.
