Муъомила барои қудрат: Русия ва интихоботи Тоҷикистон

  • 4 Ноябр, 2013
Image caption Эмомалӣ Раҳмон пас аз дидор бо оқои Путин гуфт, ки санади тамдиди ҳузури низомиёни русро порлумони кишвараш базудӣ тасвиб хоҳад кард

Тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дар зеҳни бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар пурсишҳоеро барангехтааст.

Муҳиммтарин пурсиш, ки чаро порлумони Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин мувофиқатномаро тасвиб кард, дар ҳоле ки ин санад як сол пеш имзо шуда буд?

Мероси шӯравӣ

Низомиёни рус аз даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Ҳузури ин нерӯҳо дар Тоҷикистон мебоист соли оянда ба поён расад. Аммо ин мавзӯъ ҳарфу ҳадиси зиёдеро барангехт. Ҳар кадом аз ин ду кишвар зоҳиран мехостанд бештарин суд аз ин муъомиларо ба даст оваранд.

Дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 ба баҳсҳо перомуни ин пойгоҳ хотима дод.

Оқои Путин пас аз имзои мувофиқатномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи кишвараш дар шаҳри Душанбе гуфт: “Тавофуқ дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то 30 соли дигар, ё дақиқан, то соли 2042, аз тавофуқоти калидии мост. Ба ин васила манофеъи муштараки истротежики мо ва амнияту субот дар мантақаи Осиёи Миёна таъмин хоҳад шуд.”

Таъхир ба хотири чӣ?

Image caption “Бояд ба ҷомеъа гуфта шавад, ки чаро тасвиби ин санад ба таъхир афтод ва мо чи бурде кардем.”

Порлумони Русия ин мувофиқатномаро дар баҳори гузашта тасвиб кард, аммо Тоҷикистон дар ин кор шитоб надошт.

Ду моҳ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон сафаре ба Маскав анҷом дод ва пас аз дидор бо оқои Путин гуфт, ки санади тамдиди ҳузури низомиёни русро порлумони кишвараш базудӣ тасвиб хоҳад кард. Ва ҳамин тур ҳам шуд.

Вокунишҳо ба тасвиби ин санад мутафовит буд. Ду намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолиф, ба тасвиби ин мувофиқатнома дар порлумон раъйи мувофиқ доданд, ҳарчанд онҳо ин муъомиларо шаффоф намедонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд: “Бояд ба ҷомеъа гуфта шавад, ки чаро тасвиби ин санад ба таъхир афтод ва мо чи бурде кардем.”

Вай афзуд: “Оё дар як соле, ки аз даст додем, муҳоҷирони мо аз ин имтиёзе гирифтанд? Оё таъсир дар муносибатҳои иқтисодӣ расонд? Оё қимати нафту гозе, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, пойин рафт? Вале то ҳол ба ин саволҳо ҷавобҳои мушаххасе нест, ки ин таъхир ба хотири чӣ буд.”

‘Ҳифзи қудрати Раҳмон’

Ин муъомила зоҳиран гурӯҳҳои исломгарои мухолифи давлат дар хориҷ аз Тоҷикистонро башиддат хашмгин сохтааст. "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" аз ҷумлаи ин гурӯҳҳост, ки фаъъолияташ дар Тоҷикистон ду сол пеш мамнӯъ шуд.

Ин гурӯҳ бо интишори баёнияе дар торнамо (сойти интирнетӣ)-и худ тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро маҳкум кард ва гуфт, ки ғараз аз имзои ин санад, “ҳифзи қудрати Эмомалӣ Раҳмон” аст.

Собиқаи ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон ба замони Шӯравӣ бармегардад. Ин пойгоҳ ҷузъе аз артиши Шӯравӣ ба номи “Лашкари 201” буд, ки давлати Тоҷикистон пас аз касби истиқлоли худ натавонист онро миллӣ кунад. Ва он ба тасарруфи Русия даромад.

Соли 2004 ин лашкар ба пойгоҳи 201-и Русия табдили ном кард ва тибқи мувофиқатномае ба Тоҷикистон мебоист то соли 2014 инҷо бимонад.

Ҳамакнун, бо тасвиби мувофиқатномаи ҷадид барои 30 сол, ояндаи ҳузури русҳо дар ин сарзамин тӯлонӣ хоҳад шуд, магар ин ки иттифоқе ғайримунтазира вазъиятро иваз кунад.

Масунияти русҳо

Image caption Русия барои иҷораи замини Тоҷикистон ҳам ҳеҷ маблағе намепардозад

Бар асоси муофиқатномаи нав, низомиёни рус дар хоки Тоҷикистон аз навъе масуният бархурдоранд. Яъне, дар сурати иртикоби ҷурме, Тоҷикистон наметавонад онҳоро муҳокима ва муҷозот кунад.

Русия барои иҷораи замини Тоҷикистон ҳам ҳеҷ маблағе намепардозад.

Ба назари Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, русҳо пайваста талош кардаанд аз роҳи фишор ба аҳдофашон дар Тоҷикистон бирасанд.

Оқои Муллоҷонов мегӯяд: “Ба назари Кремлин, чаро барои коре, ки мешавад ройгон анҷом дод, бояд пул пардохт?”

“Мақомоти Русия муътақиданд, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон ба Маскав бидеҳкор аст, зеро дар оғози даҳаи 1990 онҳо бо пуштибонии Маскав ба қудрат расидаанд. Аз ин ру, Кремлин рӯи шартҳои худ пофишорӣ мекунад ва мақомоти тоҷикро ба иҷрои онҳо вомедорад.”

‘Ҷалби ҳимояти Русия’

Бори аввал нест, ки муъомилаҳо байни Маскав ва Душанбе бар сари масоили низомӣ дар остонаи интихоботҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷа мерасад. Амре, ки аз нигоҳи Нуралӣ Давлат, коршиноси маҳаллӣ, баъид аст иттифоқӣ бошад.

Image caption Оқои Давлат мегӯяд муъомилаҳо байни Маскав ва Душанбе бар сари масоили низомӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқӣ нест

Оқои Давлат мегӯяд: “Иттифоқӣ нест, ба хотири он ки дар тӯли 20 соли гузашта ё оқои Раҳмон ҳамеша қабл аз интихоботҳо ба Маскав сафар мекард, барои он ки ҳимояти Маскавро ба худ ҷалб кунад, ё намояндаҳои баландпояи Русия ба Тоҷикистон меомаданд ва бо ин кор нишон медоданд, ки аз номзадии оқои Раҳмон дар интихоботҳо ҳимоят мекунанд.”

Аммо Сергей Наришкин, раиси Думои давлатии Русия, ки дуруст як моҳ пеш аз интихобот ба шаҳри Душанбе сафар дошт, гуфт, ки кишвараш коре ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон надорад.

Хатари бесуботӣ

Бисёре муътақиданд, ончи мавзеъи Душанберо дар баробари фишорҳои Маскав заъиф карда, ҳузури беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар Русия аст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, маболиғе, ки муҳоҷирони тоҷик ба хона мефиристанд, баробари 47 дарсад аз тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.

Русҳо ҳамвора ҳушдор додаанд, ки ихроҷи эҳтимолии ин муҳоҷирон аз Русия, Тоҷикистонро бо хатари бесуботӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Бозгашти эҳтимолии муҳоҷирон танҳо нигаронии мақомоти тоҷик нест. Соли оянда нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон хориҷ мешаванд.

Вазъи ояндаи Афғонистон норӯшан аст ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрави исломӣ аз он сӯи марзҳо ба минтақа бим доранд.

Матолиби муртабит