Порлумони Тоҷикистон мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи Русияро тасвиб кард

  • 1 Октябр, 2013
Порлумон
Image caption Порлумони Тоҷикистон мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон Мувофиқатнома бо Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон"-ро тасвиб кард.

Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи сешанбеи 1-уми октябр баргузор шуд, ин санади ҳуқуқӣ ба иттифоқи орои намояндагони порлумон ба тасвиб расид.

Дар суханронии худ дар ҷаласаи порлумон Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ҳадафи ин пойгоҳро "ҳифзи субот дар минтақа" хонда ва гуфт, ки нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон "хусусияти дифоъӣ дошта, алайҳи ҳеч кишваре нигаронда нашудааст."

Оқои Хайруллоев афзуд, ки тибқи мувофиқатнома бо Маскав пойгоҳи Русия дар ҳамкорӣ бо артиши Тоҷикистон алайҳи ҳама гуна таҳдидҳо барои амнияти Тоҷикистон, аз ҷумла аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ ё гурӯҳҳои теруристӣ мубориза хоҳад кард.

Тибқи ин санад, замони ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуда, Русия аз пардохти пули иҷора муъоф ва низомиёни рус аз ҳаққи масуният бархурдор хоҳанд буд. Оқои Хайруллоев гуфт, ки дар сурати зарурат ин муҳлат боз ҳам тамдид хоҳад шуд.

Русия дар иваз ваъда кардааст, ки артиши Тоҷикистонро мудерниза ва системи нерӯҳои мусаллаҳ ва дифоъи ин кишварро бо системи дифоъию низомии худ вифқ хоҳад дод.

Аз ҷумла Русия таъаҳҳуд карда, ки ба артиши Тоҷикистон фанновариҳои низомӣ, аз ҷумла Зенит ва силоҳҳои мудерн хоҳад дод ва дар омода кардани кодрҳои низомӣ ба ин кишвар кумак хоҳад кард.

Ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон, Русия то кунун маблағи 410 милюн дулор ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кардааст.

Иртибот бо интихобот

Мувофиқатнома бо Русия дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии он кишвар дар Тоҷикистон дар ҷараёни дидори расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, аз Тоҷикистон дар 5 октябри соли гузашта имзо шуд. Моҳи апрели соли ҷорӣ Думои давлатӣ ё порлумони Русия онро тасвиб кард.

Мақомоти тоҷик далели ба дарозо кашидани тасвиби ин мувофиқатномаро ба мушкилоти будубоши атбоъи тоҷик дар Русия ва шароити интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон марбут хондаанд.

Вале коршиносон таъхир дар анҷоми ин корро ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон марбут хонда ва мегӯянд, ки бо тасвиби ин санад дар остонаи интихобот Эмомалӣ Раҳмон ба касби пуштибонии Русия аз номзадии худ умед бастааст.

Аъзои Маҷлиси наояндагон ҳамчунин мувофиқатнома дар бораи шароити буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро тасвиб карданд. Ин санад иҷоза медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик то 15 рӯз бидуни сабт дар идораи пулис дар қаламрави Русия иқомат кунанд

Моҳи гузашта раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқатнома дар бораи "Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" ва мувофиқатнома дар бораи "Ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон"-ро, ки мутаносибан 8 ва 6 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав имзо шуда буданд, барои баррасӣ ба порлумон ирсол карда буд.

Маскав пойгоҳи низомии 201-и худ дар Тоҷикистонро "омили таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ" хонда ва гуфтааст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда аҳаммияти ин пойгоҳ бештар эҳсос хоҳад шуд.

Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, гуфта, ки кишвараш дар садад аст то соли 2025 барои навсозии таҷҳизоти фаннӣ ва муҳиммоти ҷангии артиши Тоҷикистон 200 милюн дулор ихтисос бидиҳад.

Тайи як соли ахир тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия аз мавзӯъоти баҳсбарангезе дар ҷомеъаи Тоҷикистон будааст. Бо ин ҳол, раҳбарони бархе аз аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон расман мухолифате накардаанд.

'Омили бақои Раҳмон'

Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ, тасвиби мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи низомии Русияро "ҷавобӯйи манофеъи ҳарду кишвар" хондааст.

Хонуми Бобоназарова зимни суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм ба раҳбарии Омрико ва буду боши беш аз як милюн тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия тасвиби ин санад ба манфаъати Тоҷикистон хоҳад буд."

Ҳамзамон, ӯ тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия ба муддати 42 сол дар Тоҷикистонро хеле тӯлонӣ арзёбӣ карда ва гуфт, ки хуб мебуд ин муддат то 10 сол муқаррар мешуд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи исломгарои мавсум ба "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" аз давлат ва порлумони Тоҷикистон хостааст, ки мувофиқатномаи тамдиди ҳузури низомиёни русро тасвиб накунад.

Дар баёнияи ин гурӯҳ, ки ҳафтаи гузашта дар сойти гурӯҳҳои ҷиҳодии тоҷик, мавсум ба "Иршод.нет", мунташир шуд, ғараз аз тасвиби ин мувофиқатнома "боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон ва косалесони атрофаш" дар сари қудрат арзёбӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" ба унвони як гурӯҳи теруристӣ ва ифротгаро шинохта шуда ва дар моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олӣ фаъъолияти ин гурӯҳро мамнӯъ эълом карда буд.

Матолиби муртабит