Баррасии ду санади эътиборӣ
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ду мувофиқатномаи эътибории Тоҷикистон бо Бонки таҷдиду тавсеъаи Урупо баррасӣ шуд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагон, ин ду санад ба иҷрои тарҳҳои беҳбуди вазъи обрасонӣ дар шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон марбут будааст.
Миқдори умумии ин эътиборот 12 милюн дулор буда ва аз ин миқдор 7 милюн дулор барои беҳбуди вазъи обрасонӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва Зафарободи вилояти Суғд ва 5 милюн дулори дигар барои тарҳҳои мушобеҳ дар шаҳру шаҳраки Ёвону Ҷалолиддини Румӣ дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои порлумон ислоҳи қавонини “Мақомоти додситонии Тоҷикистон” ва пешнависи қавонини “Ислоҳоти замин”, “Дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” ва “Иҷора” баррасӣ шудаанд.
Тибқи мусаваббаи ҷаласаи шӯро, қарор аст, фардо (25июн) дар мавриди иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар бахши сармоягузории “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” муҳокимаи порлумонӣ баргузор шавад.
