Замони баргузории интихобот охири моҳ эълом мешавад

Қарор аст рӯзи 30 августи соли ҷорӣ ҷаласаи муштараки маҷолиси миллӣ ва намояндагони порлумони Тоҷикистон баргузор шуда ва дар ин иҷлос таърихи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом шавад.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 16 август Шӯрои порлумон дар ин замина мусаввабае содир кардааст.
Оқои Султонов гуфт: "Ба рӯзномаи ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон танҳо як масъала "Таъйини интихоботи президенти Тоҷикистон" ворид шуд, ки рӯзи 30 августи соли ҷорӣ баррасӣ хоҳад шуд."
Интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2006 баргузор шуда буд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон барои бори сеюм баранда эълом шуд.
Дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии солҳои 1994 ва 1999 низ оқои Раҳмон бо касби бахши аслии оро пирӯз шуда буд.
Дар солҳои 1999 ва 2003 Қонуни асосии Тоҷикистон ислоҳ шуда ва муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид шуд ва мавонеъ барои интихоби пайиҳами як нафар ба ин мақом низ лағв гардид.
Интизор меравад дар интихоботи соли ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони номзад ширкат кунад ва дар сурати пирӯзӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2020 тамдид кунад.
