Масунияти намояндагони маҷолиси маҳаллӣ лағв шуд

  • 13 Июн, 2013
Салимзода
Image caption Оқои Салимзода гуфт, дар бархе маворид намояндагони маҷолиси маҳаллӣ бо вуҷуди муртакиби ҷароим шудан муҷозот намешуданд

Порлумони Тоҷикистон масунияти намояндагони намояндагони маҷолиси вилоят, шаҳр ва ноҳияро лағв кард.

Додситони кулли Тоҷикистон зимни пуштибонӣ аз ворид кардани ислоҳот дар ин бора ба қонуни кишвар гуфтааст, ки ин амр дар мубориза бо фасод дар сохторҳои давлатӣ, ҷилавгирӣ аз мавориди сирқати амвол ва таъмини фаъолияти шаффофи сохторҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Порлумон ин ислоҳотро ба қонуни “Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Вазъи ҳуқуқии вакили маҷолиси вилояти Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия” рӯзи 13-уми июн тасвиб кард.

Ҳамакнун, бо тасвиби ин ислоҳот намояндагони маҷолиси вилоят ва шаҳру ноҳия дар сурати мазнун шудан дар иртикоби ҷурм, бидуни дарёфти иҷозаи маҷлис боздошт хоҳанд шуд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Ба ин тартиб, талаботи Қонуни асосӣ дар бораи баробарии ҳама дар назди қонун ва додгоҳ сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон таъмин мегардад.”

Додситони кулл гуфт, дар зарфи ду соли ахир шаш мавриди дархости додситонӣ барои лағви масунияти намояндаи мардумӣ аз ҷониби маҷолиси вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд радд шуда буд.

Ӯ гуфт, дархости онҳо дар бораи лағви масунияти як вакил, ҳатто бо вуҷуди далоил ва шавоҳид дар бораи худкушӣ кардани фарде ба хотири фишорҳо аз сӯйи ин намояндаи маҷлиси маҳаллӣ радд шуда буд ва ин шахс муҷозот нашуд.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл мавзӯъи боздошти Зайд Саидов, ки намояндаи маҷлиси шаҳр буд, бидуни лағви масунияти намояндагии ӯ мавриди интиқодҳои шадиди пуштибонҳои оқои Саидов шуда буд. Маҷлиси шаҳр масунияти ӯро пас аз боздошташ лағв кард.

Ғайр аз ин эътилофи "Барои демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон", ки бо ҳадафи пуштибонӣ аз Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи кишвар таъсис ёфтанд, наҳваи лағви масунияти ин намояндаи маҷлисро низ интиқод кард.

Аъзои ин эътилоф гуфтанд, ки маҷлиси шаҳр набояд бидуни ширкати худи оқои Саидов дар ҷаласа ва бидуни дарёфти шавоҳид ва далоили кофӣ барои иртикоби ҷурм масунияти ӯро лағв мекард.

Image caption Оқои Ҳакимов лағви масунияти намояндагони маҷолиси маҳаллиро “як навъ вонамуд кардани баробарии ҳама дар назди қонун” арзёбӣ кард

Ҳамакнун, тибқи тағйироти ворида парвандаи ҷинойӣ ва маъмурӣ нисбати намояндагони маҷолиси маҳаллӣ танҳо аз ҷониби додситони кулл ва муъовинони ӯ ё додситони вилоятҳо боз хоҳад шуд.

Ҳабси пешакӣ, хонагӣ ва молу мулк, гӯш додан ва сабти сӯҳбатҳои телефонӣ дар қиболи ин афрод бо иҷозаи ниҳодҳои додситонӣ ва мувофиқати Додгоҳи олии Тоҷикистону додгоҳҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони мустақил ин иқдоми давлати Тоҷикистонро “амали тактикӣ” хонда ва гуфт, ки дар борабари эроду интиқодҳои мухолифон дар мавриди фаъолияти мақомоти давлатӣ ба иқдомоте даст задаанд.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, лағви масунияти намояндагони маҷолиси маҳаллӣ “як навъ вонамуд кардани баробарии ҳама дар назди қонун” буда, вале воқеъан мушкили фасоду сӯйиистифода аз мансаб дар сутуҳи мухталифи сохтори давлатӣ ҳалл нахоҳад шуд.

Ӯ гуфт, мумкин аст дар оянда низ намояндагони маҷлиси маҳаллӣ бо истифода аз равобити қавму таборӣ фаъолияти махфии соҳибкориро пеш бурда, бидуни ҳарос ба ҷароими мухталиф даст зананд.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, намояндагони маҷолиси маҳаллӣ ба истиснои ҷароими сангине чун қатл ва таҷовуз ба номус, дар сурати иртикоби ҷароими дигар бо истифода аз масуният аз муҷозот муъоф мешуданд.

Зимнан, ду ҳафтае қабл, порлумони Тоҷикистон зимни ислоҳи қавонини “Мақомоти додситонӣ” ва “Додгоҳҳо” масунияти додситонҳо, бозрасонҳо ва қуззотро лағв карда буд.

Он замон низ далели ин амр “мавориди сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ ва мубориза алайҳи фасод миёни додситонҳо, бозрасон ва қуззот” унвон шуда буд.

Матолиби муртабит