Пирӯзии номзади Ҳизби кишоварзӣ дар интихобот

  • 6 Май, 2013
Кумисиюни интихоботӣ
Image caption Дар ҷаласаи вижаи Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ) Зайниддин Сафаров расман барандаи интихоботи миёндаврӣ эълом шуд

Зайниддин Сафаров, номзади Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар пирӯз шудааст.

Дар ҷаласаи вижаи Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ), ки душанбеи 6 май баргузор шуд, оқои Сафаров расман барандаи интихоботи миёндаврӣ эълом шуд.

Дар ин ҷаласа натоиҷи интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39, ки навоҳии Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар бар мегирад, баррасӣ ва таъйид гардид.

Тибқи гузориши расмии кумисиюни ҳавзаии рақами 39, Зайниддин Сафаров бо касби 60 ҳазору 574 раъй ё беш аз 73 дарсади оро дар интихоботи миёндаврӣ ба порлумони Тоҷикистон пирӯз шудааст.

Ибодулло Неъматов, узви Ҳизби халқи демукрот ва Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақил, номзадҳои дигар дар интихобот мутаносибан 16,3 ва 7,9 дарсади ороро касб кардаанд.

Зимнан, дар пайи раиси ноҳияи Восеъ таъйин шудани Рустам Латифов, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва узви Ҳизби кишоварзӣ, барои курсии холӣ дар Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии рақами 39 интихоботи миёндаврӣ эълом шуд.

Дар ин ҳавзаи интихоботӣ Раҷаби Мирзо, раиси кулли Маркази таҳқиқотӣ-сусёлогии “Бозтоб”, Зайниддин Сафаров, муъовини раиси Ожонси давлатии амволи вижаи Тоҷикистон ва узви Ҳизби кишоварзӣ, Ибодулло Неъматов, раиси ҷамъоати Мичурини ноҳияи Восеъ ва узви Ҳизби халқи демукрот ва Ҷӯрабек Қурбонов, раиси бахши ҳифзи иҷтимоъии минтақаи Кӯлоб ба унвони номзад дар ин6тихоботимиёндаврӣ ба порлумони ин кишвар сабти ном шуданд.

Баъдан оқои Қурбонов номзадиашро фаро хонад ва аз муборизоти интихоботӣ хориҷ шуд.

Масъулони интихоботӣ гуфтаанд дар интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 5 май баргузор шуд, дар ин ҳавзаи интихоботӣ беш аз 88 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо аз мавориди фаровони нақзи муқаррароти интихоботи порлумонӣ ба кумисиюни ҳавзаи интихоботии рақами 39 шикоят бурдааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ) аз дарёфти 4 шикояти расмӣ аз оқои Мирзо хабар дода ва гуфт, ки ин шикоёт ба таблиғи ғайримуҷози номзади Ҳизби кишоварзӣ дар рӯзи интихобот, барои ҳамаи узви хонавода раъй додани як нафар ва дар феҳристи номзадҳо боқӣ мондани исми Ҷӯрабек Қурбонов, номзади аз муборизоти интихоботӣ хориҷшуда рабт доштааст.

Оқои Шоҳиён гуфт, кумисиюни ҳавзаи интихоботии рақами 39 ин шикоётро баррасӣ карда, аммо мавориди нақзи қонуни интихоботи порлумониро ошкор накардааст.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, Раҷаби Мирзо метавонад аз мавориди нақзи муқаррароти интихоботи порлумонӣ ба додгоҳ шикоят бибарад.

Раҷаби Мирзо ба навбаи худ гуфт, дар садад аст, дар як нишасти матбуъотӣ бо аснод ва шаҳодати шоҳидони айнӣ мавориди нақзи қонуни интихоботи порлумонӣ дар интихоботи миёндавриро матраҳ кунад.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумлаи аҳзоби тарафдори давлати Тоҷикистон дониста мешавад, ки ба нудрат дар интиқод ба фаъъолиятҳои давлат садо баланд кардааст.

То кунун ҳиҷ интихобот дар Тоҷикистон аз суи нозирони мустақили интихоботӣ ба унвони интихоботи мутобиқ бо истондортҳои байналмилалии интихоботи демукротик шинохта нашудааст.

Матолиби муртабит