Беҳдории қаторҳо: Интиқод аз сукути Идораи беҳдории Тоҷикистон

  • 29 Май, 2013
Порлумон
Image caption Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сукути Идораи беҳдорию эпидимологии ин кишвар дар робита ба қаторҳои Тоҷикистон интиқод кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сукути Идораи беҳдорию эпидимологии ин кишвар, дар заминаи интиқодҳо аз вазъи беҳдории қаторҳои Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия, интиқод кард.

Баҳсҳо дар ин замина рӯзи чоршанбеи 29 май, дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби Қонуни “Таъмини амнияти санитарию эпидимологии аҳолӣ” дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон сурат гирифт.

Бо тасвиби ин тағйирот мақомоти идораҳои беҳдорию эпидимологӣ дар вилояту шаҳрҳои ин кишварро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор шуд. Қаблан ин кор бар ӯҳдаи Идораи Идораи беҳдорию эпидимологии Тоҷикистон будааст.

Сӯҳроб Шарифов, намояндаи порлумон гуфт: "Бояд ба эродҳои Русия дар масъалаи санитарӣ посухи саривақтӣ дода шавад. Хомӯшии ин ниҳод боиси сару садоҳо ва паҳн шудани ахбори нодуруст дар расонаҳои Русия шудааст. Ба Геннадий Онишенко ва “дӯстони дигар”-и Тоҷикистон посухи саҳеҳ ва саривақтӣ дода шавад."

Ба эътиқоди оқои Шарифов, дар Идораи беҳдорию эпидимологии Тоҷикистон афроди ҳирфаӣ ва бо таҷруба фаъолият карда, дар заминаи ошкор ва ҷилавгирӣ кардани мавориди ғайрибеҳдорӣ дар қаторҳо ё буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ҳамтоёни руси худ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ гуфт, вуҷуди ҳолатҳои ғайрибеҳдорӣ дар вогунҳои қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон нишонаи фаъолияти бади ниҳодҳои беҳдорию эпидимологии кишвар аст.

Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, вазъи беҳдории қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон бояд қабл аз сафар ба Русия баррасӣ шуда ва навоқиси мавҷуд дар ҳудуди Тоҷикистон ислоҳ шаванд.

Ҳамчунин, ӯ аз ниҳодҳои беҳдорию эпидимологии Тоҷикистон даъват кард, назоратро ба маводди ғизоии воридотӣ ташдид ва аз вуруди маводди ғизоии кайфияташ поин ва муддати истеъмолаш гузашта ҷилавгирӣ кунанд.

Ин баҳсҳо пас аз он дар порлумон доғ шуд, ки дар рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир ва Геннадий Онишенко, пизишки аршади беҳдории Русия аз қатори мусофирабари масири Душанбе-Маскав дидан карда ва вазъи беҳдории вогунҳоро "ғайри қобили қабул" хонданд.

Бозрасии қатори Тоҷикистон тавассути шабакаи давлатии телевизиюни Русия пахш шуда ва дар Русияву Тоҷикистон вокунишҳои шадидуллаҳне дар пай дошт.

Афзун бар ин, Идораи марзбонии хадамоти амнияти Русия ё ФСБ пешниҳод кард, то замони ислоҳи навоқиси мавҷуда ҳаракати қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба Русия мутаваққиф шавад.

Матолиби муртабит