Тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон: суду зиёнаш чист?

  • 1 Октябр, 2013
Пойгоҳи низомӣ
Image caption Порлумони Тоҷикистон мувофиқатномаи пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро тасвиб кард

Пас аз як соли имзои мувофиқатнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон" ин санад рӯзи сешанбеи 1 октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагони порлумони ин кишвар тасвиб шуд.

Аъзои порлумон, аз ҷумла намояндагони ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ дар Маҷлиси намояндагон ба ҳузури тӯлонии низомиёни рус дар Тоҷикистон мухолифате накарданд ва ин мувофиқатнома ба иттифоқи орои намояндагон тасвиб шуд.

Тибқи ин санад, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ монда ва, афзун бар ин, низомиёни рус аз масуният бархурдор хоҳанд шуд.

Аммо назари масъулони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони мустақил дар мавриди тасвиби мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон яксон набудааст. Инак назари чанде аз онҳо дар ин замина:

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:

"Таъсиси пойгоҳҳои низомии як кишвар дар кишвари дигар дар ҷаҳони имрӯз як падидаи маъмулӣ аст.

Аз нигоҳи усулӣ назари ҲНИТ дар бораи пойгоҳи низомии Русия ин аст, ки Тоҷикистон бояд ба унвони як давлати мустақил қудрату тавони ҳимоят аз худ ва таъмини амнияти худро дошта бошад. Ин мавқеъи усулии мост. Ҳар ватандӯсти воқеъӣ низ дар ин замина чунин назар дорад.

Вале мо бояд воқеъбин бошем. Воқеъияти имрӯз чунин аст, ки бо назардошти таҳдиду хатарот дар минтақа ва шароите ки Тоҷикистон дорад, мумкин аст дар ин марҳила мо натавонем амнияти худро дар баробари ин таҳдидҳо таъмин кунем.

Агар манофеъи давлати Тоҷикистон тақозо кунад, ки дар ин марҳила ин кишвар дар ҳудуди худ пойгоҳи як кишвари дӯстро ҷой диҳад, беҳтарин интихобаш боз ҳам Русия метавонад бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба таърихи равобит, сатҳи муносибот ва манфиъати садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ин интихоб интихоби беҳтарин хоҳад буд."

Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон:

"Ба назари ман, барои ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон зарурате вуҷуд надорад. Таҷруба нишон медиҳад, ки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ҳар кишвар маънии маҳдуд кардани истиқлоли ин кишварро дорад.

Аз сӯйи дигар, шарту шароити мувофиқатномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон умдатан ба нафъи Русия буда ва аз манофеъи Тоҷикистон сарфи назар шудааст.

Иддаъоҳои мабнӣ бар "кафили суботи Тоҷикистон" будани пойгоҳи низомии Русия воқеъият надошта, танҳо рушди босуботи иқтисод ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ метавонад омили суботу оромӣ дар кишвар бошад.

Рӯшан буд, ки ин мувофиқатнома дар Маҷлиси намояндагон, ки аксари кулли аъзои онро аъзои Ҳизби ҳокими халқи демукрот ташкил медиҳанд, бидуни мушкил тасвиб мешавад.

Аммо дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон тасвиб шудани ин санад мавзеъи Русияро дар қиболи мақомоти тоҷик нарм карда ва мумкин аст русҳо аз таҳлили равандҳои сиёсии ин кишвар ва таъсиргузорӣ дар он худдорӣ кунанд.

Мусаллам аст, ки мардуми Тоҷикистон таҳти таъсири расонаҳои Русия қарор доранд. Ба ин тартиб, Русия омодагии худро аз пуштибонӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолан иброз доштааст."

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон:

"Дар дунёи муъосир бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои дигар ба ҳукми анъана даромадааст. Мувофиқатномаи миёни Русия ва Тоҷикистон ба манфиъати ҳарду кишвар аст.

Дар ин санад низомиёни рус ва хонаводаҳои онҳо муваззаф шудаанд, то ба истиқлоли Тоҷикистон эҳтиром гузоранд ва қавонини ин кишварро риъоят кунанд. Дар умури дохилии Тоҷикистон мудохила накунанд. Ин нукта хеле муҳим аст.

Сару садоҳо дар бораи маснуияти низомиёни рус дар Тоҷикистон, ки гӯё аз ҳар гуна масъулият озод бошанд, чандон дуруст нест. Агар низомиёни рус дар Тоҷикистон муртакиби ҷароиме шаванд, тибқи қавонини Русия муҷозот хоҳанд шуд.

Дар ин санади ҳуқуқӣ масоили баҳснок дар бораи олуда сохтани муҳити зист, интиқоли колоҳои хатарнок ва танзими ҳаракати ҳавопаймоҳо тибқи қавонини Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳад шуд."

Давлати Усмон, коршиноси мустақил:

"Вуҷуди нерӯи хориҷӣ дар дохили як кишвар истиқлоли онро зери суол мебарад. Аммо дар шароити феълӣ, ки артиши Тоҷикистон чандон нерӯманд набуда ва тавону қудрати таъмини амнияти кишварро надорад, ниёз ба ҳузури нерӯҳои Русия вуҷуд дорад.

Аз сӯйи дигар, ҳоло Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Узбакистон дар заминаи обу энержӣ ихтилофоте дошта ва вазъи ҳамсояи дигарамон Афғонистон муташанниҷ боқӣ мондааст. Ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон ба унвони нерӯи боздоранда хидмат хоҳад кард.

Русия барои ҳузури пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон ба ин кишвар милюнҳо дулор ҳаққи иҷора пардохт мекунад, аммо ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон ройгон аст. Шояд авомиле мавҷуд бошад, ки ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки ба шарту шароити ҷониби Русия розӣ шавад.

Имкон дорад мавзӯъи тақвияти артиши Тоҷикистон ва тавзеъи таҷҳизоти мудерни низомӣ ва муҳиммоти ҷангӣ ба артиш аз ҷониби Русия матраҳ бошад, ки Тоҷикистон санади ҳузури тӯлонии низомиёни рус дар қаламравашро имзо кардааст."

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгар ва раиси созмони иҷтимоъии "ИНДЕМ":

"Баҳси ҳузури низомиёни рус ба ҳамон шевае, ки тӯли чаҳор сол миёни Русия ва Тоҷикистон идома дошт, бар зиёни Русия ва Тоҷикистон анҷомид. Тасвиби ин санад дар порлумони Тоҷикистон низ ба ҳеч ваҷҳ пирӯзии диплумотики Русия нест. Чаро?

Баҳси чаҳорсолаи Тоҷикистон бо Русия сари ин мавзӯъ, аз ҷумла пардохти ҳаққи иҷора, идома дошта ва дар ин муддат Русия бо иқдомоти худ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёни ҷиддие ворид кард. Масалан, аз 1 апрели соли 2010 Русия алайҳи Тоҷикистон "ҷанги нафтӣ" эълон карда ва дар ин муддат ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 милёрд дулор хисорот ворид кардааст.

Ҳаҷми маҳсулоти нафтии воридотии Тоҷикистон солиёна 800 ҳазор тунро ташкил дода ва ҳаҷми аворизи гумрукӣ барои 1 тун маводди сӯхти Русия 350-370 дулор буд. Хисороти аз ин бахш ворида ҳудуди 1 милёрд дулор хоҳад буд.

Маҳз дар ин муддат раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва пайвандонаш ҳадафи ҳамалоти иттилоъотии расонаҳои Русия қарор гирифтанд ва ин амр ба эътибори давлати Тоҷикистон латма зад. Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шуд. Ин бохти ҷиддии диплумосии тоҷик дар 20 соли ахир маҳсуб мешавад.

Иддаъоҳо дар мавриди "кафили суботи минтақа будани нерӯҳои Русия" бепоя аст. Мавзеъгирии Русия дар қиболи Тоҷикистон ва рақобати ӯ бо Омрико дар Афғонистон боъиси ба кишвари муқтадири минтақа ва муттаҳиди аслии НОТУ табдил ёфтани Узбакистон шуд. Ин амр метавонад барои минтақа хатарзо бошад. Мумкин аст Тоҷикистон мавриди муъомила миёни Узбакистон ва Русия қарор бигирад, ки ин амр барои давлати миллии тоҷикон хатари ҷиддие хоҳад буд.

Ҳайъати Тоҷикистон зимни баррасии мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи низомии Русия таҳти таъсири мафкураи истеъморзадаи худ ва зери фишори русгароён дар дохили давлати Тоҷикистон натавонист аз манофеъи миллии худ дифоъ кунад.

Имонам комил аст, ки дар муддати 6-7 соли оянда русҳо худ аз минтақа берун хоҳанд шуд. Ҳоло ниёзе ба ҳузури нерӯҳои 7-ҳазорнафараи Русия дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Сару садоҳо дар расонаҳои Русия дар бораи хатари эҳтимолии Толибон афсонае беш набуда ва Толибон ҳеч гоҳ амнияти ҳамсояҳои худро таҳдид накардаанд."

Матолиби муртабит