Гузориши тозаи 'Хонаи Озодӣ': Тоҷикистон кишвари 'ғайриозод' аст

  • 24 Январ, 2014
“Freedom House”Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар гузориши 'Хонаи Озодӣ'Тоҷикистон кишвари 'ғайриозод' унвон шудааст

Дар гузориши солонаи 'Freedom House' ё ' Хонаи Озодӣ', созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, Тоҷикистон дар радифи кишварҳои 'ғайриозод' ҷой гирифтааст.

Дар ин кишварҳо интихобот ба таври ғайришаффоф ва ғайриозод баргузор шуда, озодиҳои баёну виҷдон нақз мешаванд ва ниҳодҳои қазоӣ таҳти назорати сиёсӣ қарор доранд.

Ин гузориш бештар дар ду замина: ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ тамаркуз карда ва дар ҳарду замина Тоҷикистон шаш имтиёз ба даст овардааст, ки наздик ба пойинтарин сатҳ (ҳафт имтиёз) маҳсуб мешавад.

Ҳуқуқи сиёсӣ шомили интихоботҳо (риёсати ҷумҳурӣ, порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ), чандандешии сиёсӣ ва мушорикат (яъне низоми чандҳизбӣ, фаъъолияти озоди мухолифон ва рақобати сиёсӣ), фаъъолияти ҳукумат (фасод, шаффофият, тавони мудириятии мақомоти мунтахаб) мешавад.

Озодиҳои маданӣ шомили озодии баён ва имон (расона, дин, озодиҳои илмию окодемӣ, озодии мубоҳисоти хусусӣ), ҳуқуқи созмондиҳӣ ва таъсиси анҷуманҳои гурӯҳӣ (ҳамоиш ва иҷтимоъи озодона, гурӯҳҳои мадании озод в ҳуқуқи иттиҳодияҳои коргарӣ) мешавад.

Ҳокимияти қонун (додрасҳо ва додситонҳои мустақил, расидагии бамавқеъ, ҷиноят ва беназмӣ, баробарӣ барои ақаллиятҳо ва гурӯҳҳои дигар), ҳуқуқ ва истиқлоли фардӣ (озодии рафтуомад, тиҷорат ва ҳуқуқи амвол, ҳуқуқи занон ва хонавода, озодӣ аз истисмори иқтисодӣ) низ ҷузви озодиҳои маданӣ мебошанд.

Зимнан, созмонҳои байнамилалӣ ва Омрико аз наҳваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ноябри соли гузашта интиқод карда ва онро ғайридемукротик ва ғайришаффоф хонда буданд.

Аз ҷумла, Вазорати хориҷаи Омрико гуфта буд, ки ширкат надоштани номзади мухолифони давлати Тоҷикистон ин интихоботро камранг сохта ва рақобати ҷиддиро аз миён бурдааст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо низ ба адами рақобати ҷиддӣ дар ин интихобот ва дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот дар корзори интихоботӣ ишора карда буд.

Аз сӯйи дигар, САҲУ фароҳам нашудани шароит барои ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳуриро навъе нақзи ҳуқуқи ин афрод арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ҳайъати нозирони Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар нишасти матбӯъотие, ки баъд аз интихобот дар шаҳри Душанбе доир шуд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро озод, шаффоф, демукротик ва бо ширкати рақибон арзёбӣ карда буд.

Ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ аз афзиоши мавориди фишор бар расонаҳою нашрияҳои мустақил ва масдуд шудани сойтҳои хабарӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шадидан интиқод карда буданд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо касби 83, 6 дарсади раъй дар миёни 5 рақиби худ, ки чандон шинохташуда набуданд, пирӯз шуд.

'Хонаи Озодӣ' соли гузашта ба боздошти Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва саркӯби сиёсии мухолифони давлати Тоҷикистон вокуниш нишон дода ва гуфта буд, ки оқои Саидов пас аз зуҳур дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба иттиҳоми тақаллуби молӣ ва чандҳамсарӣ боздошт шудааст.

Дар гузориши ин созмон таъкид шуда буд, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори мақомоти Тоҷикистон на танҳо бар гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав”, балки бар аъзои аҳзоби дигари мухолифи давлат низ ташдид шудааст.

'Хонаи Озодӣ' ба унвони мисол аз маҳкумияти Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Бадахшон ба 14 сол зиндон ба ҷурми “таъсиси гурӯҳҳои ҷиноӣ” ва “ширкат дар беназмии умумӣ” ва аз лату кӯби Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе аз ҷониби афроди номаълум дар моҳи апрел, ёдовар шуда буд.

Ин созмон боздошти Умаралӣ Қувватов, яке аз раҳбарони мухолифон, дар Дубай, нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, боздошти Равшан Муталлибов, узви ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот дар Русияро низ нишонаҳое аз фишору таъқиби нерӯҳои мухолиф аз сӯйи мақомоти давлати ин кишвар арзёбӣ карда буд.

Дар гузориши феълии ин созмон Русия як низоми худкома талаққӣ шудааст, ки мухолифони давлат дар он ҷо саркӯб шуда ва дар озодии баён маҳдудиятҳо эҷод шудааст.

Дар моҳи июни соли гузашта Думои давлатӣ ё порлумони Русия қонуни манъи таблиғи ҳамҷинсгароёнро тасвиб кард, ки дар сурати нақзи муқаррароти ин санад имкон дорад ин афрод аз кор барканор шуда ва бо хушунат мувоҷеҳ шаванд.

Ҳамчунин, дар Русия мавориди боздошт ва озору азияти муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Осиёи Шарқӣ афзоиш ёфта, тазоҳуркунандагон ва раҳбарони мухолифон, аз ҷумла, Алексей Навалний, таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

Дар бахши озодии баён Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, хабаргузории давлатии РИА-Новостиро, ки аз тазоҳуроти мухолифони давлат гузоришҳо пахш карда ва аз фаъъолияти ниҳодҳои давлатӣ интиқод мекард, мунҳал карда ва “Russia Today”, хабаргузории ҷадиди вафодор ба ҳукуматро таъсис додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи Бозиҳои зимистонаи Улампик дар шаҳри Сочӣ таъқиби мухолифони сиёсӣ дар Русия коҳиш ёфта ва бархе аз зиндониёни ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар “сиёсӣ”, назири Михаил Ходорковский ва аъзои гурӯҳи “Pussy Riot” озод шудаанд.

Аз ҷумлаи кишварҳои ҳамсуд, дар гузориши тозаи 'Хонаи Озодӣ' Қирғизистон, Укройн, Мулдовӣ, Гурҷистон ва Арманистон кишварҳои аз лиҳози озодиҳои сиёсию маданӣ то ҳадде озод талаққӣ шудаанд.

Тибқи гузориши солонаи ин созмон, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи озодиҳои сиёсию маданӣ дар Узбакистон ва Туркманистон бисёр бад буда ва ин ду кишвар дар канори Куреи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Судон, Сумолӣ ва Сурия аз ғайриозодтарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб шудаанд.

Матолиби муртабит