Бишвал: 'Амнияти Омрико ба амнияти Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ бастагӣ дорад'

  • 22 Ноябр, 2013
Ниша Десай Бишвал
Image caption Ниша Десай Бишвал: Талош дорем нерӯи барқи тобистонаи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон ва Покистон мунтақил... ва ин миллатҳоро ба тиҷорати ҳамгироёна ҳидоят кунем

Ниша Десай Бишвал дар маросими савгнади худ ба унвони муъовини ҷадиди вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар бораи аҳамияти афзояндаи ин минтақа барои амнияти Омрико таъкид кард.

Хонуми Бишвал дар суханронии худ дар ин маросим Осиёи Ҷанубӣ ва Миёнаро минтақаи дорои танаввуъи фавқулодаи жиугрофӣ, забонӣ ва фарҳангӣ хонда ва гуфт, ки ин минтақа дар остонаи таҳаввулотҳои азим воқеъ ҳастанд, ки ин таҳаввулот натанҳо шомили хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон аст.

Хонуми Бишвал гуфт: "Дар воқеъ то баҳори соли оянда дар панҷ кишвари ин минтақа таҳаввулоти муҳимми сиёсӣ, яъне интихобот баргузор хоҳад шуд. Ин минтақа ҳамчунин бо кумаки мо фурсатҳои бузурге дар заминаи ҳамгироӣ ва баҳампайвастагии иқтисодӣ дар ихтиёр дорад..."

Ӯ афзуд, ки минтақаи Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ дар қарни 21 дар сиёсат, амният ва иқтисоди ҷаҳонӣ нақши афзоянда хоҳад дошт ва "муваффақият ва амнияти Иёлоти Муттаҳида ба таври ҳаётӣ ба амнияти Осиё бастагӣ дорад."

Муъовини ҷадиди вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ҳамчунин ба аҳамияти тарҳи "CASA-1000" таъкид карда ва гуфтааст: "мо талош дорем нерӯи барқи тобистонаи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон ва Покистон мунтақил... ва ин миллатҳоро ба сӯйи сабки тиҷорати ҳамгироёна ҳидоят кунем."