Хушбинии Бонки Уруосиё нисбат ба рушди иқтисоди Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceБонки Тавсеъаи Уруосиё пешбинӣ карда, ки дар соли ҷорӣ мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон 6,1 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши тозаи бахши таҳлилии ин муасиссаи молӣ ин рақам дар Русия 0,5-2 дарсад хоҳад буд. Дар ҷамоҳири дигари собиқ шӯравӣ низ болоравии мизони тавлидоти нохолиси миллӣ пешбинӣ шудааст. Бавижа дар Узбакистон ин рақам болотар аз Тоҷикистон аст.
Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Тавсеъаи Осиёӣ низ мизони рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ аз 4,5 то 5,5 дарсад пешбинӣ карда буданд.
Бархе за коршиносон мегӯянд, ки омори Бонки Тавсеъаи Уруосиё ба воқеъият бештар наздик аст, зеро ин ниҳод дар муқоиса бо созмонҳои молии байналмилалӣ бар пояи вижагиҳои маҳаллӣ иқтисодро арзёбӣ мекунад.
Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки гузориши тозаи Бонки Тавсеъаи Уруосиё аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар соли ҷорӣ низ дар иқтисоди Тоҷикистон бахши тиҷорат бештар авлавият хоҳад дошт.
Дар посух ба ин суол, ки оё бо пойин рафтани мизони рушди иқтисоди Русия мизони интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан аз ин кишвар низ коҳиш хоҳад ёфт ё хайр, оқои Саидов гуфт:
"Ин амр метавонад ба пули муҳоҷирони тоҷик дар дарозмуддат таъсир кунад. Вале ҳатто бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои ахири кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия метавон мушоҳида кард, ки дар соли ҷорӣ ниёз ба нерӯи кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар мешавад. Дуруст аст, ки то ҷое қимати кори онҳо коҳиш меёбад, вале аз бештар шудани теъдоди онҳо Тоҷикистон бурд хоҳад кард."
Оқои Саидов афзуд, ки дар солҳои қаблӣ низ мизони рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон чандон баланд набуд ва ҳамеша ба рушди тиҷорат бастагӣ дошт.
Ба ин далел, ҳарчанд Тоҷикистон аз шароити афзоиши чашмраси тавлидоти санъатӣ бархурдор нест, вале рушди тиҷорат ва хидматрасонӣ дар омори рушди тавлидоти нохолиси миллӣ асари мусбат мегузорад.
Ин дар ҳолест, ки дар миёни ҷамоҳири собиқ шӯравӣ Тоҷикистон ба унвони як кишваре кишоварзӣ шинохта шудааст. Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар баҳори соли ҷорӣ арзиши анвоъи мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар ба таври қобили мулоҳизае боло рафтааст.
Аз сӯйи дигар, дар соли гузашта муҳоҷирони тоҷик барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон ҳудуди 4 милёрд дулор мунтақил кардаанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин рақам муъодили 48 дарсади тавлидоти нохолиси миллии кишвар аст.
Ҳамзамон муҳоҷирони кории тоҷик пайваста аз вуҷуди мавонеъ дар роҳи сафари худ ба Русия изҳори назар мекунанд. Ахиран, гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки тавассути қатор озими Русия буданд, бо ирсоли номае унвонии вазири хориҷаи Тоҷикистон дархости расидагӣ ба мушкилоти худро кардаанд.
Онҳо иддаъо доранд, ки марзбонони рус аз вуруди онҳо ба қаламрави Русия монеъ шудаанд ва онҳоро бо ҳамон қатор ба Тоҷикистон баргардондаанд. Вале онҳо бо худ пули изофӣ надоранд ва масъулони роҳи оҳан таҳдид кардаанд, ки онҳоро аз қатор берун мекунанд.
Тибқи омори расмӣ, ҳамасола беш аз як милюн нафар аз атбоъи тоҷик барои дарёфти ҷойи кор ва ҳуқуқи муносиб озими Русия ва бархе аз кишварҳои дигар мешаванд.
