Халабони укройнӣ дар Русия муттаҳам шуд
Image copyrightYouTubeКумитаи бозрасии Русия Надежда Савченко, халабони укройниро дар иртибот бо қатли ду рӯзноманигори телевзиюни давлатии Русия муттаҳам кардааст.
Пештар вазорати умури хориҷаи Укройн эълом кард, ки хонум Савченко, ки афсари нерӯҳои мусаллаҳи Укройн аст, ба Русия бурда шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Воронеж нигаҳдорӣ мешавад.
Вазорати умури хориҷаи Укройн бо баёни эътироз хостори таҳқиқи интиқоли ғайриқонунии хонум Савченко ба Русия ва муҷозоти омилони интиқоли ӯ шуд.
Ин вазорат аз мақомоти Русия хост фавран ба кунсули ин кишвар иҷозаи мулоқот бо хонум Савченкоро бидиҳанд то ба ӯ кумаки ҳуқуқӣ ироа шавад.
Дар хабарномае, ки дар сойти вазорати умури хориҷаи Укройн мунташир шуда, омадааст: "Бо рабудани ошкори атбоъи Укройн дар қаламрави кишвари мо мақомоти Русия на танҳо тамомии мавозини байналмилалиро нақз мекунанд, балки по фаротар аз одитарин меъёрҳои ахлоқӣ ва адаб мегзоранд. Чунин иқдомҳо аз суи Укройн ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бепосух нахоҳанд монд."
Вазорати умури хориҷаи Русия то кунун дар ин бора тавзеҳоте ироа надодааст.
Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи бозрасии Русия гуфтааст, Надежда Савченкои 33 сола ба ҳамкорӣ дар қатли рӯзноманигорони телевизиюни Русия муттаҳам мешавад.
Кумитаи бозрасии Русия: Савченко худ аз марз убур кардааст
Намояндаи расмии Кумитаи бозрасии Русия гуфтааст хонуми Савченко ба унвони гуреза аз марз гузаштааст ва дар қаламрави Русия боздошт шудааст.
Оқои Маркин афзуд: "Муҳим аст таъкид шавад, ки боздошт бо риъояти ҷиддии қавонини Русия анҷом шудааст. Савченко дар ҳузури вакили мудофеъ ва мутарҷим тафҳими иттиҳом шудааст ва дар мавриди боздошти ӯ билофосила сафорати Укройн дар Русия мутталеъ сохта шудааст."
Тибқи гузоришҳои расонаҳои Укройн хонуми Савченко дар устони Луҳонски Укройн, ки дар тасарруфи ҷудоитилабони Русия аст, нопадид шудааст. Хонуми Савченко дар мусоҳибае мунташиршуда дар сойти "Комсомолская правда" низ инро таъйид кардааст.
Ба навиштаи сойти "Комсомолская правда" хонуми Савченко гуфтааст: "Ман дар роҳ ба суи захмиёни мо будам. Дар шаҳраки Металлист ду зиреҳпӯши мо ҳадаф қарор гирифт ва ман рафтам афроди захмиро биёрам. Шумори дақиқашонро намедонам, танҳо чаҳор захмиро дидам. Хоҳаш кардам, ки барои интиқолашон мошин бифиристанд. Дар ҳамин лаҳза маро дастгир карданд." Ӯ ин суханонро замоне баён карда буд, ки ҳанӯз дар асорати ҷудоихоҳон дар ҷумҳурии "мардумии" Луҳонск дар қаламрави Укройн қарор дошт.
Исми хонуми Савченко пас аз он расонаӣ шуд, ки видиюе бо бозпурсии ӯ тавассути ҷудоиталабон мунташир шуд. Ӯ дар ин видию бо укройнӣ суҳбат мекунад ва ироаи посух ба саволҳо дар бораи шумор ва маҳалли нерӯҳои низомии Укройнро рад мекунад.
Дар таҳаввуле дигар додгоҳе дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе дастури боздошти Орсен Овокуф, вазири умури дохилаи Укройнро содир кардааст. Мақомоти Русия вазири умури дохилаи Укройнро ба иртикоби як ришта ҷароим, аз ҷумла истифода аз васоил ва шеваҳои мамнуъи ҷанг муттаҳам мекунанд.
Ҳафтаи гузашта додгоҳ дар Русия дастури мушобеҳеро нисбати Иҳор Кулумуйский, устондори Днепропетрувск содир кард.
Аммо мақомоти Укройн гуфтаанд онҳо аз иқдомоти бозрасони Русия нигарон нестанд.
