Раиси ҷумҳурии Укройн ба оташбас бо мухолифони мусаллаҳ поён дод
Image copyrightAFPПетру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн ба оташбас бо мухолифони мусаллаҳи давлат поён дод.
Петру Пурушенку оташбаси якҷонибаи давлати худ бо ҷудоиталабони шарқи кишварро поён дода ва гуфтааст "ҳамла мекунем, сарзамини худро пас мегирем."
Раиси ҷумҳури Укройн гуфтаст "бо фаъъолиятҳои ҷинояткоронаи" шибҳнизомиёни тарафдори Русия дигар шонсе барои расидан ба сулҳ вуҷуд надорад.
Оташбаси мутазилзил миёни мақомҳои Укройн ва гурӯҳҳои ҷудоиталаб қарор буд душанбешаб поён бигирад.
Ҳар ду тараф якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд.
Интерфакс, хабаргузории Укройн, ба нақл аз шибҳнизомиёни ҳаводори Русия гуфтааст нерӯҳои Укройн тӯбборони шаҳри Кромотурскро аз сар гирифтаанд.
Раиси ҷумҳури Укройн гуфтааст тасмимаш барои идома надодани оташбас "ҷавобе ба теруристҳо, шибҳнизомиён ва одамкушон аст."
Авоили рӯзи душанбе дафтари раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард Русия ва Укройн тавофуқ кардаанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи ҳаводори Русия дар ҳоли тасарруфи сохтмонҳои аслӣ дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои саросари шарқи Укройн ҳастанд.
Раҳбарони ҷудоиталабон дар Дунетск ва Луҳонск эъломи истиқлол кардаанд.
Бо ин ҳама, нерӯҳои низомии Укройн дар бархе манотиқ мухолифонро муҳосира кардаанд.
Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо ва Омрико аз Русия хостаанд аз нуфузи худ барои поён додан ба хушунатҳо тавассути мухолифон истифода кунанд ва таҳдид кардаанд дар ғайри ин сурат алайҳи муассисоти бозаргонӣ ва мақомҳои аршади рус таҳримҳои тоза вазъ мекунанд.
Умед ба он буд, ки баъд аз эъломи тавофуқ барои тамдиди оташбас тавассути раиси ҷумҳури Фаронса вазъияти оташбас идома пайдо кунад, аммо чунин нашуд.
Владимир Путин пештар бар аҳаммияти тамдиди оташбас таъкид карда буд ва хостори назорати Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо бар оташбас шуда буд.
Бо ин ҳама, ин созмон гуфта аст амалиёти назоратии худро коҳиш дода ваэ ъзоми нерӯ ба шарқи Укройнро мутаваққиф кардааст.
