Гоми бузурги ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ барои пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо
Image copyrightBBC World ServiceИттиҳодияи Урупо бо Укройн, Гурҷистон ва Мулдовӣ, се ҷумҳурии Шӯравии собиқ як муъоҳидаи тиҷорӣ имзо карда, ки ба мӯҷиби он ин ҷумҳуриҳо ба унвони узви вобастаи иттиҳодия аз тасҳилоти тиҷории вижа бархӯрдор мешаванд.
Тибқи муъоҳидае, ки ба имзои ҷудогонаи ҳар як аз се ҷумҳурӣ расида, ин кишварҳо мутаъаҳҳид мешаванд истондордҳои Иттиҳодияи Урупо, аз ҷумла муқаррароти ҷадиди гумрукӣ, кунтрули кайфияти коло ва рақобати бозори озодро риъоят кунанд.
Ин ҷумҳуриҳо, ки ҳамсояи шарқии кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ҳастанд, аз соири ҷумҳуриҳои блуки кумунист, ки дар даҳаи гузашта ба Иттиҳодияи Урупо гузаштаанд, аз лиҳози иқтисодӣ ақибтаранд.
Русия, ки талош мекунад ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравиро вориди иттиҳодияи гумрукии худаш кунад, ба ин муъоҳида бо шакку бадбинӣ нигоҳ мекунад.
Укройн
Моҳи ноябри гузашта Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии собиқи Укройн таслими фишорҳои Русия шуд ва ба таври ногаҳонӣ аз имзои муъоҳидаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо мунсариф шуд. Ин инсироф ҷарақае буд, ки буҳрони кунунии Укройнро шуълавар сохт.
Вале дар моҳи марти соли ҷорӣ Иттиҳодияи Урупо ва Укройн бахши сиёсии ин мувофиқатномаро имзо карданд. Ин бахш Укройнро мутаъаҳҳид мекунад дар иртибот бо масоили ҳуқуқи башар, амниятӣ ва кунтрули аслиҳа бо Иттиҳодияи Урупо ҳамкории наздиктаре дошта бошад.
Барои Иттиҳодияи Урупо тамоми бахшҳои ин мувофиқатнома, аз ҷумла бисёре аз оинномаҳои тиҷорати озод бисёр муҳим аст. Вале ин муъоҳида аз назари сиёсӣ ҳоизи аҳаммияти бисёр зиёде аст ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Русия аз он чи ки онро мудохилаи Ғарб дар ҳавзаи нуфузи суннатии худаш медонад, хашмгин шудааст.
Укройн барои қарнҳо тақҳти кунтрули Русия қарор дошта ва аз лиҳози иқтисодӣ дар ин кишвар идғом шуда буд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Укройн муъоҳидаи мавриди баҳсро, ки таҳдиде барои манофеъи худашон медонанд, рад кардаанд.
Русия Укройнро таҳти фишори иқтисодӣ қарор дода, аз таҳвили гоз ба ин кишвар худдорӣ карда ва воридоти бисёре аз колоҳои тавлидӣ дар Укройн, аз ҷумла фаровардаҳои лабанӣ ва шукулотро таҳрим кардааст. Русия мегӯяд Иттиҳодияи Урупо бояд ин кишварро ҳам дар музокироти марбут ба равобити иқтисодии ояндаи Укройн ширкат диҳад. Мақомоти русӣ муътақиданд муъоҳидаи тиҷории Укройн бо Иттиҳодияи Урупо метавонад ба маънии як рақобати ғайримунсифона бошад ва колоҳои Иттиҳодияи Урупо аз тариқи Укройн вориди бозорҳои Русия шавад.
Як севуми тиҷорати хориҷии Укройн бо Иттиҳодияи Урупост, ки тақрибан бо ҳамон нисбат тиҷорати ин кишвар бо Русия аст.
Дар соли 2013 арзиши содироти Иттиҳодияи Урупо ба Укройн муъодили 23.9 милёрд юру буд. Таҷҳизоти санъатӣ ва маводди шҳимиёӣ ва тавлидии корхонаҷот, бахши аъзами ин содиротро ташкил медод.
Дар ҳамин муддат арзиши содироти Укройн ба Иттиҳодияи Урупо муъодили 13.8 милёрд юру буд, ки умдатан шомили оҳан, фулод ва маводди ғизоиву маъданӣ буд.
Укройн аз назари ҷамъият, вусъат ва тавлидоти иқтисодӣ бо Мулдовӣ ва Гурҷистон қобили муқоиса набуда ва ин ду ҷумҳуриро бо фосилаи зиёде пушти сар мегузорад.
Гурҷистон
Паймони тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо барои Гурҷистон василае ҷиҳати таҳрики бештари иқтисодӣ ва берун омадан аз рукуди иқтисодӣ аст. Тақурибан як севуми кулли тиҷорати ин ҷумҳурӣ бо Иттиҳодияи Урупост.
Аз он ҷо, ки Иттиҳодияи Урупо дар садад аст энержии воридотии худро аз ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамсояи Гурҷистон дар минтақаи Қафқоз ва низ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро афзоиш диҳад, аз лиҳози истротежикӣ Гурҷистон барои Иттиҳодияи Урупо аҳаммият дорад. Ҳамакнун як хатти лӯлаи муҳимми нафтӣ аз хоки Гурҷистон убур мекунад. Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо аз ин нигаронанд, ки мумкин аст Русия, ки як содиркунандаи муҳими энержӣ аст, дигар шарики қобили эътимоде набошад.
Равобити Гурҷистон бо Русия ҳанӯз танишолуд аст. Манбаъи ин таниш илҳоқи амалии Усетиёи Ҷанубӣ ва Абхоз, ду минтақаи мутаъаллиқ ба Гурҷистон ба Русия аст. Ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки дар ҳоли ҳозир бар ин ду минтақа ҳукумат мекунанд, дар ҷараёни ҷанг дар августи соли 2008 бо ҳимояти нерӯҳои Русия артиши Гурҷистонро аз ин навоҳӣ берун ронданд.
Русия дар гузашта воридоти шаробу оби маъданӣ аз Гурҷистонро бо унвон кардани эродҳое з назари беҳдоштӣ мамнӯъ карда ва пас аз ҷанг низ барои муддати тӯлонӣ парвозҳои байни Маскав ва Тифлис ба ҳоли таълиқ даромада буд.
Дар соли 2013 арзиши колоҳои содиротии Иттиҳодияи Урупо ба Гурҷистон муъоджили ду милюн юру буд. Маводди маъданӣ ва шимиёӣ, мошинолот ва таҷҳизоти ҳамлу нақл бахши аъзами ин колоҳо буд.
Дар ҳамин сол арзиши колоҳои содиротии Гурҷистон ба Иттиҳодияи Урупо наздик ба 700 милюн юру буд. Бештарин колоҳои содиротии маводди маъданиву ғизоӣ ва филизот буд.
Мулдовӣ
Аз Мулдовӣ ғолибан ба унвони фақиртарин кишвари Урупо ном бурда мешавад. Бисёре аз шаҳрвандони Мулдовӣ ба даромади хешовандонашон, ки дар Иттиҳодияи Урупо кор мекунанд, вобастаанд.
Ин ҷумҳурӣ аз назари таърихӣ ва фарҳангӣ ба Румонӣ хеле наздик аст, вале мумкин аст бо имзои муъоҳидаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо бозорҳои тозае пайдо кунад. Беш аз 50 дарсади тиҷорати кулли тиҷорати Мулдовӣ бо Иттиҳодияи Урупост.
Яке аз мушкилоте, ки манъи пешрафти ин кишвар шуда, муноқишаи ҳалношудаи Тронс Нистериёст. Ин минтақа, ки борикаи замини дарозе аст дар шарқи Мулдовӣ қарор дорад ва аз авоили даҳаи 1990 дар кунтрули ҷудоиталабони тарафдори Русия аст.
Арзиши колоҳои содиротии Иттиҳодияи Урупо ба Мулдовӣ дар соли гузаштаи мелодӣ муъодили 2.3 милёрд юру ва арзиши колоҳои вордотӣ муъодили як милёрд юру буд.
Мошинолот, маводди маъданӣ ва таҷҳизоти ҳамл ва нақл бахши аъзами колоҳои воридотӣ аз Иттиҳодияи Урупо ва маводди ғизоӣ, пӯшок ва мошинолот бештарин колоҳои содиротии Мулдовӣ ба ин иттиҳодия буд.
