Тадбири ҷадиди Маскав: Лӯлаи гоз аз зери дарёи Сиёҳ
Image copyrightReutersБулғористон, ки дирӯз баъд аз интиқоди Иттиҳодияи Урупо ва Омрико идомаи эҳдоси як лӯлаи гоз (Ҷараёни ҷануб), ки бояд гози Русияро бидуни убур аз Укройн ба Урупо бирасонад, мутаваққиф карда буд, эълом кард сохти ин лӯларо мунтафӣ нахоҳад кард.
Вазири энержии Булғористон Дрогумир Истуйнев(Dragomir Stoynev) гуфт кишвараш қарордод бо ширкати русии "Гозпрум"-ро баргаштнопазир медонад.
Иттиҳодияи Урупо ҳафтаи пеш аз Суфия (София) хоста буд сохти ин лӯларо то натиҷаи баррасиҳои бозрасони он иттиҳодия мутаваққиф кунад. Нигаронии Кумиссиюни Урупо зоҳиран дар мавриди ҳамхонии қарордоди ин пруже бо муқотиъаи кор дар чаҳорчӯби қавонини ҳуқуқии ин иттиҳодия аст.
Дар канори ин нигаронӣ Морсӣ Райс (Marcie Ries), сафири Омрико дар Суфия гуфтааст Омрико амиқан нигарони қарордоди Булғористон бо ширкати "Струйтронсгоз"-и русӣ аст, ки ба сарватманди маъруфи рус Генадий Тимченко, ки дар листи таҳримҳои Омрикост, таъаллуқ дорад.
Ин лӯлаи ҷадиди гоз дар сурати эҳдос метавонад солона 43 милёрд метри мукаъъаб гози табиъии Русияро аз зери дарёи Сиёҳ ба Булғористон ва баъд аз роҳи Сербистон, Маҷористон ва Ислувенӣ ба Итолиё бирасонад.
Интизор меравад, таваққуфи сохти ин лӯлаи гоз, ки Русияро барои фурӯши гозаш ба кишварҳои урупоӣ аз Укройн бениёз мекунад, боъиси чолише ҷадид байни Русия ва Иттиҳодияи Урупо шавад.
Суфия ҳафтаи гузашта замоне ки Иттиҳодияи Урупо хостори бозрасии ҳуқуқии қарордодҳои ин пруже шуда буд, гуфт Бруксел мехоҳад ин бозрасиро монанди абзоре алайҳи Русия ба хотири вазъияти Укройн ба кор гирад.
Дар ин миён Булғористон, ин кишвари кучаки Урупои Ҷанубӣ, ки аз 7 сол пеш ба Иттиҳодияи Урупо пайваста, ин пружеро шонсе барои тавсиъа ва беҳбуди вазъияти иқтисодии худ мебинад, шояд барои ҳамин аст, ки вазири энержии ин кишвар, ки дар ҳоли ҳозир дар Чин ба сар мебарад, кӯшида дили Иттиҳодияи Урупоро барои идомаи ин пруже ба даст оварад:
"Агар мо аз назари истротежик ва бидуни эҳсосот ба шароит нигоҳ кунем, "пружеи ҷараёни ҷануб" ғайриқобили бозгашт ва барои ҳар ду тарафи Урупо ва Булғористон судманд ба назар мерасад. Ман бовар дорам, ки барои ҳар мушкиле як роҳи ҳал вуҷуд дорад."
Аммо он чи оқои Истуйнев ҳадди ақал дар ин гуфтаҳояш ба он ишорае намекунад, манофеъи тарафи севум ва шояд асли ин қарордод яъне Русия аст, ки дучори сардарде шадид аз эҳтимоли бурузи мушкилоти фурӯши маводди хоми худ ба Урупост.
Маскав муқассири аслии ин дарди сарро зоҳиран дурии Укройн аз Кремлин ва алоиқи он ба Бруксел медонад. Барои ҳамин мехоҳад барои интиқоли гози худ роҳҳои дигаре ғайр аз Укройн ҳам пешбинӣ кунад ва роҳи тиҷорат бо Урупоро то ҳадди мумкин амн нигоҳ дорад.
Дмитрий Песков, сухангӯйи Кохи Кремлин баъд аз тасмими Суфия барои таваққуфи сохти лӯлаи гози "Ҷараёни ҷануб"-и худро аз даъвои Бруксел-Суфия дур нигаҳ дошта ва ба хабаргузории Нувусти (Новости) гуфта "ҳанӯз барои изҳори назар зуд аст, мо бояд авзоъро баррасӣ кунем."
Аммо баъзе аз рӯзномаҳои Русия имрӯз поро фаротар гузошта, ҳарфи дили худро зада ва Омрикоро муқассири таваққуфи ин пруже хондаанд.
Рӯзномаи "Российская газета" дар мақолаи худ менвисад, ки Суфия баъд аз мулоқоти нахуствазири Булғористон бо се сенотури омрикоӣ, ки аз Суфия боздид карданд, дастури таваққуфи пружеи "Ҷараёни ҷануб"-ро дод.
Ин рӯзнома идома медиҳад: "Пеш аз он то охирин лаҳза Булғористон дар баробари кишварҳои Иттиҳодияи Урупо барои таваққуфи ин пруже муқовимат мекард, вале ҳузури се сенотури омрикоии Суфияи нишон медиҳад, ки дулор ба сиёсатҳои урупоӣ фармон медиҳад."
Ин лаҳни тунди рӯзномаҳои Маскав алайҳи Вошингтун нишондиҳандаи аҳаммияти ин хатти лӯла аз як тараф ваэҳсоси хатаре аст, ки Маскав аз ҷониби кишварҳои пешини блуки Шарқ эҳсос мекунад кишвварҳое, ки мехоҳанд бо вуруд ба иқтисоди озод роҳҳои ҷадиди твсиъаро таҷруба кунанд.
Барои Маскав, ки бештар аз бист сол аст нуфузи сиёсии худро ҳарчи бештар дар кишварҳои блуки Шарқ аз даст медиҳад, ёфтани роҳҳои ҷадид барои нигоҳ доштани ин муттаҳидони пешин, ки аз назари ҷуғрофиёи сиёсӣ ҳамчунон ба ҳам наздикӣ доранд, пураҳаммият аст.
Булғористон агарчи ҳудуди 14 қарн собиқаи давлатдорӣ дорад, вале фақиртарин кишвари Иттиҳодияи Урупо аст ва ба гози Русия башиддат ниёзманд аст.
Панҷ сол пеш дар даъвои гози байни Русия ва Укройн, судури гоз ба Булғористон дар зимистон қатъ шуд, ки дар асари он садҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар сармои устухонсӯзро зери пӯсти худ бахубӣ эҳсос карданд.
Эҳдоси хатти лӯлаи гоз тавассути "Гозпрум", як ширкати таҳти кунтрули давлати Русия бо ҳазинаи 40 милёрд дулор, он ҳам аз зери дарёи Сиёҳ барои кишваре мисли Булғористон, ки танҳо бо миқдори каме маводди ғизоӣ, шароб ва мусиқиҳои мардумӣ дар Урупо ва бозорҳои он ҳузур дорад, метавонад аҳаммияти иқтисодии ҳаётӣ барои тавсеъаи он кишвар дошта бошад.
Аз тарафи дигар, қарор гирифтани Булғористон сари роҳи бозори мавриди алоқаи Маскав, яъне Урупои Ғарбӣ, шояд барои булғориҳо ба унвони шонсе дида мешавад, ки рӯзе байни ин ду блуки иқтисодӣ-сиёсӣ қад алам кунанд ва аҳаммияти худро ҳамон тавре нишон диҳанд, ки Укройн дар моҳҳои гузашта нишон дод.
Аммо ин хатти лӯла барои Маскав, ки замоне назарияҳо ва пружаҳояшро бароҳатӣ аз Муғулистон то Берлин ва аз қутби шимол то дарёи Хазар пиёда мекард, роҳи ҷадиде бо истифода аз қавонини бозори озод барои зӯрозмоӣ аст, то тавони худро ба рухи қудратҳои ҷаҳонӣ бикашад ва нишон диҳад, ки ҳатто баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчунон қудратманд монда ва муттаҳидони қадимии худро ҳифз кардааст.
