"Тавофуқ бар сари бозбинии барномаи Иттиҳодияи Урупо"

  • 28 Май, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ҳермон Ван Румпуй, раиси Шӯрои Урупо

Ҳермон Ван Румпуй, раиси Шӯрои Урупо, аз тавофуқи раҳбарони Иттиҳодияи Урупо бар сари бозбинии барнома дар Бруксел, мақарри ин иттиҳодия, хабар додааст.

Оқои Ван Румпуй гуфтааст ин тавофуқ дар натиҷаи "паёми қотеъе" сурат гирифта, ки раъйдиҳандагони урупоӣ дар интихоботи порлумонӣ ба раҳбарони худ додаанд.

Раиси Шӯрои Урупоӣ гуфтааст раҳбарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Урупо аз ӯ хостаанд, ки дар бораи сиёсатҳои отии иттиҳодия низ машваратро оғоз кунанд.

Ҳермон Ван Румпуй ин изҳоротро дар пайи нишасте дар Бруксел эълом кард, ки барои баррасии натиҷаи интихоботи порлумонӣ ва муваффақияти ғайримунтазираи аҳзоби ростгарои ифротӣ ва пупулист баргузор шуда буд.

Дар пайи натиҷаи ин интихоботи раҳбарони шикастхӯрда хостори бозбинии Иттиҳодияи Урупо дар сиёсатҳои худ шудаанд.

Як хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ислоҳот метавонад шомили муқаррароти камтар ва тамаркузи камтар бар тадобири риёзатӣ бишавад ва низ сиёсатҳое барои кумак ба рушди иқтисодӣ ва иштиғолзоиро дар бар бигирад, то амалан ба раъйдиҳандагони норозӣ посухе дода шавад.

Оқои Ван Румпуй гуфт натиҷаи интихоботи Урупо нишондиҳандаи "омезае аз тадовум ва тағйир" будааст.

Дар ҳамин ҳол, Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, гуфт авлавияти Иттиҳодияи Урупо бояд рушд, иштиғол ва сармоягузорӣ бошад .

Оқои Улонд гуфт нишасти Бруксел "аввалин баҳси муфид" буда ва раҳбарони Иттиҳодияи Урупо тавофуқ кардаанд, ки иқтисодро дар конуни барномаҳои худ қарор диҳанд.

Пештар раиси ҷумҳури Фаронса аз Урупо хоста буд ба таҳаввулоти Фаронса таваҷҷуҳ кунад. Оқои Улонд шикасти Ҳизби сусиёлисти худ аз Ҳизби ростгарои ҷабҳаи миллиро "дарднок" тавсиф карда буд.

Матолиби муртабит