Кушта шудани филмбардори шабакаи телевизиюнии Русия дар шарқи Укройн
Image copyrightAPМақомоти Шабакаи телевизиюнии 1-и Русия мегӯянд яке аз филмбардорони ин конол дар шарқи Укройн кушта шудааст.
Мақомоти ин телевизиюни давлатии Русия мегӯянд, ки Анатолий Клян, дар як табодули оташ дар наздикии як мақарри низомӣ дар Дунетск кушта шудааст.
Ҳамзамон гузориш шудааст, ки раҳбарони Укройн, Русия, Олмон ва Фаронса имрӯз, душанбеи 30 июн бо ҳадафи кумак ба ҳалли буҳрон дар шарқи Укройн бо якдигар мулоқот хоҳанд кард.
Олмон ва Фаронса аз Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн, хостаанд то оташбаси эъломшудаи якҷонибаро тамдид кунад. Муддати ин оташбас имрӯз хотима меёбад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта садҳо тазоҳуркунанда дар Киев, пойтахти Укройн, хоҳони идомаи амалиёти низомӣ алайҳи шибҳнизомиёни мусаллаҳи ҳаводори Русия шуданд.
Озодии нозирони урупоӣ
Рӯзи якшанбе (29 июн) гузориш шуд, ки шӯришиҳои ҳаводори Русия дар шарқи Укройн, чаҳор нозири дигар аз Созмони Ҳамкорӣ ва Амнияти Урупоро таҳвил додаанд. Ба ин тартиб, таҷзияхоҳон ҳамаи ин нозирони гаравгонгирифташударо озод кардаанд.
Ҳашт нозири Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо моҳи гузашта гаравгон гирифта шуда буданд.
Озодии онҳо дар ҳоле анҷом шуд, ки оташбаси шикананда байни нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиҳо барқарор шудааст. Оташбасе, ки муҳлати он имрӯз хотима меёбад
Музокирот барои миёнҷигарӣ ва сулҳ байни давлат ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Укройн дар ҷараён будааст ва намояндагоне аз Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар ин музокирот ҳузур доранд.
Созмони Милали Муттаҳид баровурд мекунад, ки дар ду моҳу ними гузашта, дастикам 420 нафар дар даргириҳои байни нерӯҳои ҳаводори Русия ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройн кушта шудаанд.
