Убомо ва Путин тарҳи сулҳи раиси ҷумҳурии Укройнро баррасӣ карданд

  • 24 Июн, 2014
Image copyrightAP
Image caption Раҳбари ҷудоиталабон дар Дунетск аз пайвастан ба оташбас хабар дод

Борок Убомо ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии Омрико ва Русия дар бораи авзоъи Укройн гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, оқои Убомо аз оқои Путин хостааст, то аз барқарории сулҳ дар Укройн ҳимоят кунад.

Ҳамзамон ҷудоиталабони тарафдори Русия эълом кардаанд, ки ба оташбаси эъломшуда аз сӯйи давлати Укройн мепайванданд.

Ин хабар ба василаи Олексондр Бурудой (Александр Бородай), раҳбари ҷумҳурии худхондаи "Ҷумҳурии Халқи Дунетск" пас аз ширкат дар гуфтугӯҳои аввалияи сулҳ эълом шуд.

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, ҷумъа бо интишори як тарҳи сулҳи 15-моддаӣ ба таври якҷониба як ҳафта оташбас эълом кард.

Илова бар раҳбарони ҷудоиталабон дар Дунетск, раҳбарони тарафдорони Русия дар Луҳонск, дар шарқи Укройн, низ дар музокироти сулҳ, ки бо ҳузури сафири Русия ва миёнҷигарии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо баргузор мешавад, ширкат доранд.

Леунид Кучмо, аз руасои ҷумҳури пешини Укройн,низ дар ин музокирот ба намояндагӣ аз оқои Пурушенку ҳузур дорад.

Оқои Бурудой ибрози умедворӣ карда, ки ду тараф дар давраи оташбас битавонанд дар бораи дастёбӣ ба сулҳ ба тавофуқе даст пайдо кунанд.

Ҷудоиталабон дар ибтидо тарҳи сулҳи раиси ҷумҳури Укройнро рад карда буданд.

Таҳдиди Русия ба таҳрими бештар

Борок Убомо ва Владимир Путин дар муколимаи телефунии рӯзи душанбеи худ тарҳи сулҳи Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройнро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи Ҷош Эрнест, Борок Убомо дар ин муколама гуфт дар сурате, ки Русия ба барқарории сулҳ дар Укройн кумак накунад, таҳримoои ҷадиде алайҳи ин кишвар вазъ хоҳад шуд.

Бино бар эъломи кохи Кремлин, Владимир Путин таъкид кард, ки таваққуфи амалиёти низомӣ бояд авлавияти нахусти раванди сулҳ дар Укройн бошад.

Ӯ ҳамчунин хоҳони гуфтугӯи мустақими тарфайни даргирӣ дар Укройн шуд.

Тарҳи сулҳи оқои Пурушенку шомили тамаркуззудоии сиёсӣ, баргузории интихоботи зудҳангом ва эҷоди як хатти ҳоил ба арзи 10 килуметр дар марзҳои муштарак бо Русия аст.

Ҷудоиталабон гуфтаанд то замоне ки артиши Укройн аз манотиқи шарқии кишвар хориҷ нашавад, силоҳҳои худро замин намегузоранд.

Онҳо марокизи муҳимми давлатӣ дар манотиқи Луҳонс ва Дунетскро ҳамчунон дар ихтиёр доранд.

Матолиби муртабит