Дастури омодабоши комили низомӣ дар маркази Русия
Image copyrightAFPВазорати дифоъи Русия эълом кардааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ба нерӯҳои артиш дар манотиқи марказии Русия дастури омодабоши комили размӣ додааст.
Аммо ин дастур таъсире бар вазъияти истиқрори нерӯҳои Русия дар марзи Укройн, маҳалли даргирии ҷудоиталабони ҳаводори Русия бо нерӯҳои давлатии Укройн, нахоҳад дошт.
Дар моҳҳои ахир оқои Путин борҳо дастури чунин омодабошеро бо ҳадафи арзёбии омодагии низомии нерӯҳои русӣ содир кардааст.
Рӯзи ҷумъаи 20 июн Омрико Русияро таҳдид карда буд, ки агар гомҳои муассире барои танишзудоӣ дар шарқи Укройн бар надорад, таҳримҳои бештаре алайҳи Маскав эъмол хоҳад кард.
Омрико ҳамчунин аз афзоиши нерӯҳои низомии Русия дар наздикии марзи Укройн ибрози нигаронӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои Укройн аз идомаи ҳамалоти шӯришиҳо дар шарқи ин кишвар бо вуҷуди эъломи оташбаси якҷониба аз сӯйи давлати Укройн хабар додаанд.
Ба гуфтаи ин мақомҳо, чанд марзбони укройнӣ дар асари ҳамалоти хумпораии ҷудоиталабон захмӣ шудаанд.
Рӯзи ҷумъа Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии ҷадиди Укройн, барои тарғиби шӯришиён ба гузоштани силоҳҳояшон ба замин оташбасе ҳафтрӯза ва якҷонибаро дар шарқи Укройн эълом кард.
Бо вуҷуди ин, оқои Пурушенку гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ ҳаққи шиллик (тирандозӣ) дар сурати ҳамлаи тарафи муқобилро барои худ маҳфуз медонанд.
Русия ва ҷудоиталабони шарқи Укройн аз ибтидо ин пешниҳоди оташбасро рад карданд.
Оқои Пурушенку барои ҳалли буҳрони Укройн як тарҳи сулҳи 14-моддаӣ пешниҳод кардааст.
Дар ин тарҳ эҷоди як минтақаи ҳоил ба вусъати даҳ килуметр дар навори марзии Укройн ва Русия ва баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ матраҳ шудааст.
