Русия гози Укройнро қатъ кард
Image copyrightAFPУкройн мегӯяд, ки Русия судури гоз ба ин кишварро баъд аз ташдиди ихтилофоти байни ду кишвар бар сари бидеҳиҳои Укройн қатъ кардааст.
Юрий Прудон, вазири энержии Укройн, гуфт: "Ҳаҷми содироти гоз ба Укройн ба сифр расидааст."
Ширкати русии "Гозпрум" гуфт, ки Укройн бояд аввал бидеҳиҳои қаблии худро, ки қодир ба пардохти он набуда, бипардозад.
Бузургтарин содиркунандаи гози ҷаҳон таҳдид карда буд агар Укройн то соъати даҳи субҳи имрӯз (16 июн) ба вақти Маскав бидеҳии 1.95 милёрддулориашро напардозад, содироти гозро ба ин кишвар мутаваққиф хоҳад кард.
Ширкати русӣ гуфтааст, ки ба содироти гози худ ба Урупо идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, коршиносон муътақиданд таваққуфи гози Русия ба Укройн метавонад Иттиҳодияи Уроупоро ҳам таҳти таъсир қарор диҳад.
Музокироте, ки мавриди ин ихтилофот бо васотати Иттиҳодияи Урупо дар ҷараён буд, бидуни натиҷа ба поён расид. Бо ин ҳол Гунтер Этингер, вазири энержии Иттиҳодияи Урупо, ки дар ин гуфтугӯҳо ҳузур дошт, гуфта буд ҳанӯз роҳи тавофуқ баста нашудааст.
Оқои Этингер пешниҳод карда буд, ки давлати Укройн то имрӯз як милиёрд дулор аз бидеҳиашро бипардозад ва боқимонда ба сурати ақсот пардохта шавад.
Авоили ин моҳ вақте "Гозпрум" 786 милюн дулор аз бидеҳиашро дарёфт кард, ба Укройн муҳлати бештаре барои пардохти боқимондаи он дод.
"Гозпрум" ҳудуди се моҳ пеш Укройнро муттаҳам кард, ки бидеҳиҳояшро ба ин ширкат напардохта аз ин рӯ тахфиферо, ки барои фурӯши гоз барои Укройн дар назар гирифта буд, лағв кард.
Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқ ва барканоршудаи Укройн, шаш моҳ пеш ин тахфифро аз Русия гирифта буд.
Дар он замон Русия ҳар ҳазор метри мукаъаб гозро 268 дулор ба Укройн мефурӯхт, аммо акнун қиматро ба 485.50 дулор афзоиш дода, ки болотарин нарх дар Урупо аст.
Укройн мегӯяд худдориаш аз тасвияи бидеҳӣ дар эътироз ба ҳаштод дарсад афзоиши қимат будааст.
Киев ҳамчунин эълом карда буд дар сурате, ки Русия қимати гозро ба 324 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъаб коҳиш диҳад, ҳозир аст як милёрд дулор аз бидеҳии худро бипардозад, аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст қиматро аз 385 дулор дар ҳар ҳазор метри мукаъаб пойинтар нахоҳад овард.
Понздаҳ дарсади гози Урупо аз Русия ва аз тариқи Укройн таъмин мешавад аз ин рӯ аъзои Иттиҳодияи Урупо бодиққат мавзӯъро зери назар доранд.
Бо афзоиши таниш байни Русия ва Укройн бахусу бар сари манотиқи шарқии Укройн эҳтимоли тавофуқ коҳиш ёфтааст.
Русия ба тазоҳуроти хушунатомезе, ки шанбе беруни сафорати ин кишвар дар Киев сурат гирифт, вокуниши хашмолуде нишон дод.
Ин тазоҳурот пас аз он буд, ки шибҳинизомиён дар шарқи Укройн як ҳавопаймои низомии Укройнро бо 39 сарнишин сарнагун карданд.
Вазорати хориҷаи Омрико ва Укройн Кремлинро муттаҳам кардаанд, ки силоҳҳои сангин ва тонк дар ихтиёри шибҳнизомиёни ҳаводори Русия дар шарқи Укройн гузоштааст.
Укройн мегӯяд, ки Русия судури гоз ба ин кишварро баъд аз ташдиди ихтилофоти байни ду кишвар бар сари бидеҳиҳои Укройн қатъ кардааст.
