Виктур Никитюк: 'Дар Укройн зархаридону теруристон меҷанганд'
Image copyrightBBC World ServiceСафири Укройн дар Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди зиёде аз "зархаридону теруристон" аз кишварҳои хориҷӣ ба шибҳинизомиёни ҷудоихоҳи ҷанби шарқи Укройн пайвастаанд.
Виктур Никитюк, ки рӯзи панҷшанбеи 29 май дар нишасте хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, ки дар мавриди иртиботи ин афрод ба кишварҳо ва аз ҷумла ҳузури эҳтимолии атбоъи тоҷик дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои давлати Укройн иттилоъи дақиқе дар даст нест.
Ба гуфтаи оқои Никитюк, феълан дар вилоёти Дунетску Луҳонски Укройн амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи шибҳинизомиёни ҷудоихоҳи тарафдори Русия идома дошта ва аз ин лиҳоз, имкони мушаххас кардани таркиби қавмии ин нерӯҳо душвор аст.
Ӯ гуфт, ки то замони оғози буҳрон дар Укройн 450 тан аз ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил карда ва дар пайи бурузи нооромиҳо дар Укройн бархе аз онҳо ба ватан бозгаштаанд. Ҳоло дар бораи теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Укройн иттилоъи дақиқе дар даст нест.
Ин дар ҳолест, ки “The New York Times”, нашрияи муътабари омрикоӣ, аз қавли як сокини вилояти Дунетски Укройн дар бораи ширкати тоҷикону чеченҳо дар ҷангҳои шибҳинизомиёни ҷудоихоҳ дар вилоёти Дунетску Луҳонски ин кишвар алайҳи нерӯҳои давлати Укройн хабар додааст.
Зимнан, ширкати атбоъи тоҷик дар мухолифатҳо ва даргириҳо дар кишварҳои хориҷӣ ҳодисаи тозае набуда, Аҳмад Бадриддин Ҳасун, муфтии аъзами Сурия, дар як суханронӣ дар авохири соли гузашта теъдоди атбоъи Тоҷикистонро, ки дар ҷангҳо алайҳи давлати Башор Асад ширкат доранд, 190 нафар арзёбӣ карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта се шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия бар асоси қавонини ин кишвар ба муддати ду сол равонаи зиндон карда буд.
Ҳамчунин, расонаҳои Тоҷикистон дар мавриди кушта шудани се шаҳрванди тоҷик дар даргириҳои Сурия хабар додаанд. Ҳамакнун Қонуни кайфарии Тоҷикистон ислоҳ шуда, барои ҷалб ва ширкати ғайриқонунии атбоъи тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҷозот таъйин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Виктур Никитюк, сафири Укройн дар Тоҷикистон, ибрози назарҳо дар бораи шабоҳати буҳрони ахири Укройн бо ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990-ро бепоя хонд.
Вай гуфт, ки дар Укройн нишонаҳои ҷанги дохилӣ мавҷуд набуда, танҳо нерӯҳои давлатӣ алайҳи “теруристҳо, роҳзанҳо, зархаридони хориҷӣ ва ҷудоихоҳон” амалиёти низомиро роҳандозӣ кардааст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Никитюк, ҷудоихоҳони шарқи Укройн аз ҷониби кишвари дигар сармоягузорӣ ва бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ таъмин шуда, дар ин набардҳо танҳо теъдоди андаки “атбоъи ноогоҳ”-и Укройн ширкат доранд.
Сафири Укройн дар Тоҷикистон гуфт, Пётр Пурушенко, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Укройн дар рӯзи 25 майи соли ҷорӣ пирӯз шуда, қавл додааст, ки якпорчагии Укройнро ҳифз карда ва ҷумҳурии Кримеро ба Укройн бозмегардонад.
Ӯ гуфт, ки дар назар аст, пас аз ёд кардани савганд дар авосити моҳи оянда оқои Пурушенко дидори нахустини худро аз Русия оғоз карда ва бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар масоили Қримро матраҳ хоҳад кард.
