Укройн: Натиҷаи ҳамапурсии худмухторӣ дар шарқи Укройн мардуд аст

  • 12 Май, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Давлати Укройн мегӯяд бисёре аз рӯйи тарс пои сандуқҳо рафтаанд

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, ба баргузории ҳамапурсӣ дар шарқи ин кишвар барои ба даст овардани худмухторӣ вокуниш нишон дода ва натиҷаи онро мардуд донистаааст.

Ӯ дар баёнияе, ки бар рӯйи вебсойти худ мунташир кардааст, навиштааст, ки натиҷаи ин ҳамапурсӣ "ғайриқонунӣ" аст ва баргузоркунандагони он таҳти пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баргузоркунандагони ҳамапурсии худмухторӣ дар Дунетск дар шарқи Укройн, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, мегӯянд, ки наздик ба 90 дарсади раъйдиҳандагон ба худмухторӣ раъй додаанд.

Ҳамзамон бо баргузории ҳамапурсии худмухторӣ дар ду минтақа дар шарқи Укройн дар рӯзи якшанбе ҷудоиталабони ҳаводори Русия иддаъо кардаанд, ки мушорикат дар раъйгирӣ васеъ буда ва тақрибан 90 дарсад дар Дунетск ба худмухторӣ раъй додаанд.

Румон Лёгин, сарпарасти кумиссиюни интихоботии ҷудоиталабон дар Дунетск ба хабарнигорон гуфт, ки 89 дарсад ба худгардонӣ раъй додаанд, даҳ дарсад алайҳи он ва ин ки тақрибан 75 дарсад дар раъйгирӣ ширкат кардаанд.

Натиҷаи ҳамапурсӣ дар Луҳонск, минтақаи дигаре дар шарқи Укройн базудӣ эълом мешавад, ки ба гуфтаи нозирон натиҷаи он шабеҳи чизе аст, ки дар Дунетск эълом шуд.

Ҷудоиталабон мегӯянд, ки дастикам ду нафар ба дасти нерӯҳои мусаллаҳи вафодор ба давлати Укройн дар ҷараёни ин раъйгирӣ дар шаҳри Кроснуормейск кушта шуданд.

Як аккоси хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт ду нафарро, ки беҳаракат бар замин афтода буданд, дидааст.

Image copyrightGetty
Image caption Укройн ин раъйгириро "як намоиши муҳзики маҳрамона" таҳти ҳидояти Русия хондааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Укройн мегӯяд, ки дар маҷмӯъ ин раъйгирӣ дар оромише нисбӣ баргузор шуд.

Укройн ин раъйгириро "як намоиши музҳики маҳрамона" таҳти ҳидояти Русия хондааст ва Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳам ин раъйгириро маҳкум карда ва онро "ғайриқонунӣ" хондаанд.

Баргаҳои раъйгирӣ ба ду забони укройнӣ ва русӣ аз раъйдиҳандагон мепурсид оё аз худгардонии навоҳии Дунетск/Луҳонск ҳимоят мекунанд ё на.

Нерӯҳои низомии давлати муваққати Укройн ҳамакнун дар амалиёте, ки "зиддитерурисм" унвон шуда, машғули муқобила бо ҳаводорони шибҳнизомии тарафдори Русия ҳастанд, ки бисёре аз сохтмонҳои давлатӣ ва муҳимро дар шаҳрҳои шарқии ин кишвар тасарруф кардаанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ низ бо тасвиби порлумони маҳаллии ҷумҳурии худгардони Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медиҳанд, ҳамапурсии илҳоқ ба Русия баргузор шуд ва чанд рӯз баъд Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, "муъоҳидаи" инзимоми ин бахш аз хоки Укройн ба Русияро имзо кард.

Матолиби муртабит