Ҷудоиталабони шарқи Укройн муддаъии мушорикати густарда дар раъйгирӣ
Image copyrightNҲамзамон бо баргузории ҳамапурсии худмухторӣ дар ду минтақа дар шарқи Укройн дар рӯзи якшанбе ҷудоиталабони ҳаводори Русия иддаъо кардаанд, ки мушорикат дар раъйгирӣ васеъ буда ва тақрибан 90 дарсад дар Дунетск ба худмухторӣ раъй додаанд.
Румон Лёгин, сарпарасти кумиссиюни интихоботии ҷудоиталабон дар Дунетск ба хабарнигорон гуфт, ки 89 дарсад дар раъйгирӣ ширкат кардаанд.
Хабарнигорони Би-би-сӣ дар маркази раъйгирӣ дар Дунетск ва Луҳонск аз беназмӣ дар баъзе маворид, аз ҷумла фуқдони сандуқи раъйгирӣ дар бархе нуқот хабар медиҳанд.
Ҳамзамон гузоришҳо ҳокист, ки дастикам як нафар ба дасти мардони мусаллаҳи вафодор ба давлати Укройн кушта шудааст. Гуфта мешавад ҳодисаи тирандозӣ пас аз баста шудани як маркази раъйгирӣ рӯй дод.
Як аккоси хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт ду нафарро, ки беҳаракат бар замин афтода буданд, дидааст.
Укройн ин раъйгириро "як намоиши музҳики маҳрамона" таҳти ҳидояти Русия хондааст.
Кишварҳои ғарбӣ ҳам ин раъйгириро маҳкум кардаанд
Як раҳбари ҷудоиталаб дар Дунетск ба як хабаргузории русӣ гуфт, ки вақте натоиҷ эълом шавад, тамомии нерӯҳои низомии Укройн дар минтақа "қавои ишғолгар" талаққӣ хоҳанд шуд.
Ба нақл аз Денис Пушилин ҳамчунин гузориш шуд, ки нерӯҳои артиши Укройн марокизи раъйгирӣ дар шаҳри Кроснуармейск дар ғарби Дунетскро ишғол кардаанд.
"Партгоҳ"
Баргаҳои раъйгирӣ ба ду забони укройнӣ ва русӣ аз раъйдиҳандагон мепурсид оё аз худгардонии навоҳии Дунетск/Луҳонск ҳимоят мекунанд ё на.
Соъоте пеш аз баста шудани марокизи раъй мақомҳои вобаста ба ҷудоиталабони иддаъо карданд, ки мушорикат дар минтақаи Дунетск наздик ба 70 дарсад буда, аммо ин масъала ба таври мустақил таъйид нашудааст.
Мудири як мадраса, ки ҳаводори давлати Укройн аст, гуфт, ки пас аз радди дархости шӯришиён барои истифода аз мадрасаи ӯ ба унвони маркази раъйгирӣ таҳдид ба марг шудааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки фароянди раъйгирӣ зоҳиран бо бедиққатӣ анҷом шуд. Масалан алорағми вуҷуди листи раъйдиҳандагон дар ҳар марказ, мардум метавонистанд ҳар ҷо бихоҳанд, раъй бидиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ мушкили дигар зоҳиран камбуди марокизи раъйгирӣ дар Мориупул, шаҳре бо ним милюн ҷамъият аст.
Созмондиҳандагон мегӯянд як ҳафта баъд дувумин даври раъйгириро барои пайвастан ба Русия баргузор хоҳанд кард.
Онҳо гуфтаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии 25 майро бойкут хоҳанд кард.
Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, мегӯяд медонад, ки бисёре дар шарқи Укройн аз шибҳнизомиёни ҳаводори Русия ҳимоят мекунанд, аммо ихтор дод, ки ҳамапурсӣ "гоме ба сӯйи партгоҳ" аст.
Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳам раъйгириро маҳкум кардаанд ва мегӯянд нигаронанд ин кишварро бештар ба сӯйи ҷанги дохилӣ савқ диҳад.
Як назарсанҷии маркази ПЮ дар Омрико ҳокист, ки аксарияти мардум дар шарқи Укройн, 70 дарсад, алорағми нигаронӣ дар мавриди ҳукумати Киев аз иттиҳоди кишварашон ҳимоят мекунанд.
Русия дар моҳи март пас аз ҳамапурсӣ дар ноҳияи худмухтори Криме, дар ҷануби Укройн, онҷоро ба хоки худ мулҳақ кард.
Гуфта мешавад, ки Русия ҳудуди 40 ҳазор сарбоз дар наздики марз дорад. Ҳарчанд Маскав гуфта, ки онҳоро ақиб кашидааст, аммо НОТУ мегӯяд нишонае дол бар ин иддаъо дар даст нест.
Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо ба Русия ҳушдор додаанд, ки дар сурати эҷоди шароите, ки монеъи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Укройн шавад, бо таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд.
