Раъйгирӣ дар ҳамапурсии худмухторӣ дар шарқи Укройн идома дорад

  • 11 Май, 2014
Image caption Раъйгирӣ дар ҳамапурсии худмухторӣ дар шарқи Укройн идома дорад

Ҷудоиталабони рустабор дар шарқи Укройн имрӯз, якшанбе дар минтақаҳои Луҳонск ва Дунетск ҳамапурсӣ барои худмухторӣ баргузор кардаанд.

Русия пештар аз раҳбарони ҷудоиталабон хоста буд баргузории ҳамапурсиро ба таъвиқ биандозанд ва давлати муваққати Укройн ҳам баргузории ҳамапурсиро маҳкум кардааст.

Даргириҳои низомӣ миёни ҷудоиталабони рус ва артиши Укройн дар тули ҳафтаҳои гузашта ташдид ёфтааст.

Шаҳри Ислувёнск, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, ҳамчунон дар муҳосираи артиши Укройн қарор дорад ва дишаб дар манотиқи ҳошияи шаҳр байни воҳидҳои артиши Укройн ва ҷудоиталабон даргириҳои шадиде вуҷуд доштааст.

Бар асоси охирин хабарҳои расида даргириҳо миёни низомиёни укройнӣ ва мардум дар Ислувёнск имрӯз идома дорад.

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри бандарии Морйупул дар минтақаи Дунетск низ дар асари даргирии артиш бо ҷудоиталабон ҳаддиақал ҳафт нафар кушта шуда ва 39 нафар маҷруҳ шуданд.

Баргузоркунандагони ҳамапурсии худмухторӣ гуфтаанд, ки миллиюнҳо баргаи раъй чоп шудаанд ва аксарияти ҳавзаҳои раъйгирӣ таҳти кунтрули фаъъолони тарафдори Русия қарор доранд.

Баргаи раъй шомили як савол аст, ки ба ду забони укройнӣ ва русӣ навишта шудааст: "Оё мувофиқи худмухторӣ дар ҷумҳурии мардумии Дунетск/ҷумҳурии мардумии Луҳонск ҳастед?"

Як зан, ки дар Дунетск раъй медод, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки бо тамоми қалб орзу мекунад, ки шаҳри ӯ бахше аз Русия бошад.

Фарде дигар гуфт, ки ҳадафи ӯ истиқлол аз давлати марказӣ дар Киев аст.

Дар Морийупул, шаҳре бо 500 ҳазор нафар ҷамъият танҳо чаҳор ҳавзаи ахзи раъй доир аст ва мардум дар сафҳои тулонӣ мунтазири раъй додан ҳастанд.

Улексондр Турчинуф, раиси ҷумҳури давлати муваққати Укройн дирӯз иқрор кард, ки бисёре аз мардуми шарқи Укройн аз ҷудоиталабони рустабор ҳимоят мекунанд, аммо гуфт, ки баргузории ҳамапурсӣ кишварро ба лабаи партгоҳ хоҳад бурд.

Бо ин ҳол баргузоркунандагони ҳамапурсӣ гуфтаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн дар рӯзи 25 май (ду ҳафтаи дигар)-ро таҳрим хоҳанд кард.

Пештар раҳбарони Олмон ва Фаронса гуфта буданд, ки агар баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн мунҳал шавад, онҳо Русияро таҳрим хоҳанд кард.

Ин ду қудрати урупоӣ ҳамапурсии ҷудоиталабони рустабор дар Укройнро "ғайриқонунӣ" хондаанд.

Матолиби муртабит