Ҳушдори раҳбарони Олмон ва Фаронса аз таҳримҳои тоза алайҳи Русия
Image copyrightAFPРаҳбарони Олмон ва Фаронса ҳушдор доданд, ки дар сурати ихтилол (беназмӣ) дар баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии Укройн, Русия бо таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, ки ба Олмон сафар кардааст, дар баёнияе муштарак бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ҳамапурсиҳои оянда дар шарқи Укройнро ғайриқонунӣ донист.
Ин ду раҳбари урупоӣ аз бесаботии бештар дар Укройн ибрози нигаронӣ карданд ва хоҳони пойин омадани шумори нерӯҳои Русия дар марзҳои Укройн шуданд.
Ҷудоиталабони ҳаводори Русия дарохости Влодимир Путин барои таъвиқи ҳамапурсии истиқлол аз Укройнро напазируфтаанд. Нооромиҳо дар ин минтақа идома дорад.
Улексондер Турчинуф, раиси ҷумҳурии муваққати Укройн, ба ҳаводорони Русия ҳушдор додааст, ки ҷудоии ин манотиқ аз Укройн ба иқтисод зарба мезанад ва бар зиёни худи мардуми шарқи Укройн низ хоҳад буд.
Дирӯз Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, пас аз маросими солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувумдар майдони Сурхи Маскав барои барномае мушобеҳ ба Криме сафар кард.
Сафари оқои Путин ба шибҳиҷазираи Криме, ки батозагӣ бо як ҳамапурсӣ аз Укройн ҷудо ва ба хоки Русия илҳоқ (пайваст) шуд, хашми раҳбарони ғарбиро барангехтааст.
Давлати муваққати Укройн ва қудратҳои ғарбӣ ҳамапурсии Кримеро ба расмият нашинохтаанд.
