'Хашми Ғарб' аз сафари Путин ба Криме

  • 10 Май, 2014
ПутинImage copyrightAP
Image caption Влодимир Путин дар маросими бузургдошти пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Криме ширкат кард

Сафари Влодимир Путин ба шибҳиҷазираи Криме, ки батозагӣ ба хоки Русия пайваста, бо вокуниши тунди Омрико ва қудратҳои ғарбӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ҳамзамон даргириҳои хунин миёни ҳаводорони Русия ва тарафдорони давлати муваққат дар ҷануби шарқии Укройн идома дорад.

Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи ҷумъаи 19 ардибиҳишт (9 май) барои ширкат дар маросими солгарди пирӯзии Русия бар Олмони Нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба шибҳиҷазираи Криме сафар кард.

Сафаре, ки Кохи Сафед бо интишори баёнияе онро "таҳрикомез ва ғайризарурӣ" арзёбӣ кардааст.

Ҷен Сокӣ, аз сухангӯёни Вазорати хориҷаи Омрико, соъоте баъд аз интишори хабари сафари оқои Путин гуфт: "Криме мутаъаллиқ ба Укройн аст ва сад албатта, ки мо иқдомоти ғайриқонунии Русия дар иртибот бо Кримеро ба расмият намешиносем."

Луро Магнусун, сухангӯйи Кумитеи амнияти миллии Кохи Сафед, ҳам "танҳо фоидаи" ин иқдоми раиси ҷумҳурии Русияро "доман задан ба буҳрони Укройн" арзёбӣ кард.

Сухангӯйи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ҳам аз сафари оқои Путин ва ражаи (паради) низомӣ дар баробари ӯ изҳори таассуф кард.

Давлати муваққати Укройн, ки рӯзи ҷумъа маросими мушобеҳе барои пирӯзии ин кишвар дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва гиромидошти қурбониёни он воқеъа дар шаҳри Киеф баргузор кард, ин сафарро "нақзи ошкори истиқлол ва тамомияти арзии" Укройн хитоб кард.

Оқои Путин пас аз ҳузур дар маросими ража дар Маскав, ки ба муносибати солгарди шикасти Олмон баргузор шуда буд, барои ҳузур дар маросими мушобеҳ дар бандари Севоступул озими Криме шуд.

Мақарри новгони дарёи Сиёҳи нерӯи дарёии Русия дар ин бандар воқеъ аст ва равобити умумии дафтари раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки оқои Путин "дар маросими ражаи бошукӯҳи" новгони дарёии мустақар дар бандар ҳузур хоҳад ёфт.

Ин нахустин сафари оқои Путин ба Криме аз замони таҷзияи ин сарзамин аз Укройн ва пайвастанаш ба хоки Русия аст. Ин сафар дар ҳоле анҷом шуд, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар бахшҳое аз хоки Укройн аз тасмим ба баргузории ҳамапурсӣ барои илҳоқ ба хоки Русия сухан гуфтаанд.

Image copyrightNA
Image caption Гузоришгари Би-би-сӣ дар Криме мегӯяд мардуми Севоступул рӯзи ҷумъа бо худ парчамҳои сафеду обӣ ва қирмизи Русияро ҳамл мекарданд ва аз Влодимир Путин ҳамчун як "фотеҳ" истиқбол карданд

Дониел Санфурд, гузоришгари Би-би-сӣ, ки рӯзи ҷумъа дар бандари Севоступул, маҳалли дидори оқои Путин, ҳузур дошт, мегӯяд ражаи имсол барои бузургдошти пирӯзии Русия бар Олмони Нозӣ, маросими бузурге набуд, аммо истиқболи мардум аз ин маросим чашмгир ва густарда буд.

Ӯ мегӯяд мардуми Севоступул рӯзи ҷумъа бо худ парчамҳои сафеду обӣ ва қирмизи Русияро ҳамл мекарданд ва аз Влодимир Путин ҳамчун як "фотеҳ" истиқбол карданд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ бо тасвиби маҷлиси маҳаллии ҷумҳурии худгардони Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медиҳанд, ҳамапурсии илҳоқ ба Русия баргузор шуд ва чанд рӯз баъд раиси ҷумҳурии Русия "муъоҳидаи" инзимоми (пайвастани) Криме ба Русияро имзо кард.

Ҳамзамон аз ҷануби шарқи Укройн хабар мерасад, ки даргирӣ миёни ҳаводорони Русия ва нерӯҳои давлати муваққат дастикам 20 кушта барҷой гузоштааст.

Вазири кишвари давлати муваққати Укройн рӯзи ҷумъа гуфт дар бандари Мориюпул, дар ҷануби шарқи Укройн, даргириҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳаводорони Русия ба задухӯрди хунин анҷомида ва дар ҷараёни он 20 нафар аз ҳарду тараф кушта шудаанд.

Бино бар гузориши мақомҳо, ин даргириҳо ҳангоме боло гирифт, ки ҷудоиталабони ҳаводори Русия талош карданд мақарри аслии пулис дар Мориюпулро тасхир кунанд ва миёни онҳо ва нерӯҳои амниятӣ ва пулис тирандозӣ даргирифт.

Бо вуҷуди амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва артиши Укройн алайҳи ҳаводорони Русия ҳанӯз бисёре аз сохтмонҳои аслӣ дар шаҳрҳои ҷанубу шарқи ин кишвар дар тасарруфи шибҳинизомиёни ҳаводори Русия аст ва дар ҷараёни даргириҳо миёни онҳо ва нерӯҳои давлати муваққат даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит