Владимир Путин бо мақомоти Иттиҳодияи Урупо дидору гуфтугӯ кард
Image copyrightReutersВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ,дар Бруксел бо мақомоти Иттиҳодияи Урупо дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки бо мақомоти Иттиҳодияи Урупо гуфтугӯҳои сареҳе доштааст ва масъалаи Укройн ҳам дар он матраҳ шудааст.
Владимир Путин гуфт, ки Укройн метавонад бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо муносиботи худро густариш диҳад, аммо бо иттиҳодияи гумрукии мавриди назари Русия ҳам бояд ҳамкорӣ дошта бошад.
Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки кумакҳои молии ахири Русия ба Укройн, аз ҷумла вомҳои чандмилёрддулорӣ ва коҳиши қимати гоз барои ҳимоят аз давлати Укройн набудааст.
Ҳермон Ван Румпей, раиси Шӯрои Урупо, таъкид кардааст, ки байни Иттиҳодияи Урупо ва Русия барои тавсиъаи равобити бозаргонӣ алоиқи муштараке вуҷуд дорад.
Хабарнигори Би-би-сӣ гузориш медиҳад, ки раиси Шӯрои Урупо башиддат хушунат дар Укройнро маҳкум карда ва хостори хештандории мақомоти Укройн шудааст.
Ҳермон Ван Румпей бар ҳифзи озодии таҷаммуъ ва баён дар Укройн таъкид кардааст.
Қарор буд музокироти раиси ҷумҳурии Русия ва мақомҳои урупоӣ ду рӯз ба тӯл анҷомад, аммо ба чанд соъат тақлил пайдо кардааст.
Яке аз мақомоти Иттиҳодияи Урупо гуфт, ки фазо бояд барои музокирот мусоъид бошад.
Дар пайи радди мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо аз сӯйи Укройн, мардуми ин кишвар тазоҳуроти густардаеро оғоз карданд, ки ба хушунатҳои хунине анҷомидааст.
