Курвосӣ ба Иттиҳодияи Урупо пайваст

Крувосӣ (Хорватия) ба унвони бисту ҳаштумин кишвар ба Иттиҳодияи Урупо пайваст.
Дар пайи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Урупо, мардум бо ҳузур дар хиёбонҳои Зогреб, пойтахт, узвияти ин кишварро ҷашн гирифта ва Ив Юсипувич, раиси ҷумҳур, онро лаҳзае таърихӣ ва бузург барои кишвар хонд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, мақомоти Крувосӣ сипас бо бардоштани мавонеъи мавҷуд дар манотиқи марзӣ тоблуҳои ҳовии нишонаҳои Иттиҳодияи Урупоро дар ин манотиқ қарор доданд.
Узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Урупо тақрибан ду даҳа пас аз ҷанги хунини ин кишвар барои истиқлол сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи хабарнигорон, иштиёқи ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо таҳти таъсири буҳрон дар кишварҳои ҳавзаи юру ва ҳамчунин мушкилоти иқтисодӣ дар ин кишвар қарор гирифтааст.
Охирин бор дар соли 2007 ду кишвари Булғористон ва Румонӣ ба Иттиҳодияи Урупо пайвастанд.
Фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар ин кишвар ҳамчунон яке аз нигарониҳои умдаи бархе аз раҳбарони Итттиҳодияи Урупо ба шумор меравад.
Ин кишвар ҳанӯз ба юру, воҳиди пули Урупо ва визои Шенген напайвастааст.
Ду севум аз ҷамъияти 4.5 милюннафарии Крувосӣ дар ҷараёни ҳамапурсии соли гузашта тамоюли худро ба пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо нишон доданд.
Ин кишвар бо масоҳате ҳудуди 56 ҳазор килуметри мураббаъ дар минтақаи Болкон воқеъ шуда, мазҳаби аслии он масеҳият ва забони аслии он крувотӣ аст.
