Фаронса вориди рукуди иқтисодӣ шуд

Фаронса, дувумин иқтисоди бузурги минтақаи иқтисодии юру, таъйид карда, ки дар рукуди иқтисодӣ ба сар мебарад.
Мақомҳои Фаронса мегӯянд, ки ин кишвар барои дувумин бор тайи чаҳор соли гузашта вориди рукуди иқтисодӣ шудааст.
Иқтисоди ин кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо ду даҳум дарсади (0.2%) рушди манфӣ мувоҷеҳ шуд, дар ҳоле ки дар семоҳаи охири соли 2012 низ гирифтори рушди манфӣ буд.
Иқтисоддонон рушди манфӣ дар ду давараи семоҳаи пай дар пайро ба унвони рукуди иқтисодӣ таъриф мекунанд.
Фаронса бо нархи бекории боло коҳиши эътимоди масрафкунандагон ва беитминонии сармоягузорон рӯбарӯ аст.
Дар Олмон низ омор нишон медиҳад, ки иқтисоди ин кишвар бузургтарин ва қавитарин иқтисоди минтақаи юру дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ танҳо як даҳум дарсад (0.1%) рушд доштааст.
Фаронса дар соли 2009 дучори бадтарин рукуди иқтисодии худ аз ҷанги ҷаҳонии дувум ба ин сӯ шуд.
Омори ҷадиди иқтисоди Фаронса дар остонаи аввалин солгарди раёсати ҷумҳуриии Фронсуо Улонд мунташир шудааст.
Авоили моҳи ҷории мелодӣ Кумиссиюни Урупо ҳушдор дод, ки Фаронса имсол вориди рукуди иқтисодӣ хоҳад шуд ва иқтисоди минтақаи иқтисодии юру низ чаҳор даҳум рушди манфӣ хоҳад дошт.
Бонки марказии Урупо бо ҳадафи равнақ бахшидан ба иқтисоди минтақаи юру нархи баҳраро кам карда ва ба панҷ даҳум коҳиш додааст.
Дар Фаронса нархи бекорӣ ба 10.6 дарсад расида ва интизор меравад соли оянда ин нарх афзоиш ёбад.
Касрии будҷети Фаронса низ дар ҳоли афзоиш аст ва Кумиссиюни Урупо мегӯяд ин касрии 3.9 дарсади арзиши нохолиси дохилии Фаронса аст.
