Нархи баҳра дар ҳавзаи юру ним дарсад коҳиш ёфт

Бонки марказии Урупо нархи баҳраро дар 17 кишвари узви ҳавзаи юру ба ним дарсад коҳиш додааст.
Ин иқдом аввалин коҳиши нархи баҳра дар тӯли даҳ моҳи гузашта буда ва ҳадафи он кумак ба рушди иқтисодӣ будааст.
Нигаронӣ дар хусуси вазъияти иқтисодии кишварҳои узви ҳавзаи юру зиёд шудааст ва оморе, ки имрӯз мунташир шуда нишон медиҳад, ки ҳатто тавлиди санъатӣ дар Олмон - қавитарин иқтисоди ҳавзаи юру - дар моҳи гузашта низ монанди моҳи қабл аз он коҳиш дошт.
Тавлиди санъатӣ дар Фронса, Итолиё ва Испониё низ дар моҳи апрел коҳиш дошт.
Омори расмии имрӯз ҳамчунини ҳикоят аз афзоиши бекорӣ дар ҳавзаи юру дорад, дар шароите ки таваррум дар пойинтарин сатҳ дар тӯли се соли гузашта будааст.
Дар моҳҳои ахир тавсияҳое бештар барои коҳиши барномаҳоии риёзатӣ ва таъкид бар сиёсатҳои инбисотӣ барои эҳёи иқтисоди ҳавзаи юру шудааст.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса ва Энрику Лету, нахуствазири ҷадиди Итолиё ҳар ду хостори таҷдиди назар дар сиёсатҳои риёзатӣ шудаанд. Ин сиёсатҳо сабаби инқибози иқтисодӣ мешаванд.
Бо ин ҳол алорағми коҳиши нархи баҳра нигаронӣ аз набуди таҳарруки иқтисодӣ дар кишваре чун Юнон ва Испониё ҳамчунон побарҷо аст.
