Музокираи раҳбарони Бритониё ва Олмон дар бораи 'ислоҳот дар Иттиҳодияи Урупо'

  • 12 Апрел, 2013
Image caption Комерун хоҳони ислоҳи сохтори Иттиҳодияи Урупост

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, ба Берлин сафар мекунад, то дар дидор бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, дар бораи ислоҳоти густарда дар Иттиҳодияи Урупо музокира кунад.

Оқои Комерун хоҳони эъмоли тағйироте дар сохтори Иттиҳодияи Урупост, то Бритониё бо дигар аъзо мулзам ба иҷрои ҳама қавонини он набошанд.

Раҳбарони Олмон ва Бритониё ҳамчунин қарор аст дар бораи авзоъи Сурия гуфтугӯ кунанд.

Оқои Комерун дар як суханронӣ ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзии муҷаддади ҳизби муҳофизакор дар интихоботи порлумонии Бритониё, ҳадди аксар то соли 2017 боқӣ мондан ё хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Урупоро ба ҳамапурсӣ хоҳад гузошт.

Ӯ гуфтааст, ки пеш аз баргузории ин ҳамапурсӣ, тағйироти лозим бояд дар сохтори Иттиҳодияи Урупо дар назар гирифта шаванд.

Дейвид Комерун ин ҳафта ба хабарнигорон гуфта буд, ки ба назари ӯ беҳтарин гузина барои Бритониё, ҳузури ин кишвар дар як Иттиҳодияи Урупои ислоҳшуда аст.

Олмон ва Фаронса мухолифи ислоҳоти мавриди назари Бритониё дар сохтори Иттиҳодияи Урупо ҳастанд.

Оқои Комерун дар мусоҳиба бо панҷ рӯзномаи урупоӣ гуфтааст, ки Иттиҳодияи Урупо гоҳе бо судури бахшномаҳо ва дахолат дар умур, аз ҳадди худ фаротар рафтааст.

Оқои Комерун гуфт: "Фикр мекунам метавонем як Урупои инъитофпазир дошта бошем, ки ҳама дар он ба таври ҳамзамон мулзам ба анҷоми як кори мушобеҳ ба равише яксон набошанд."

Ба гуфтаи оқои Комерун мизони маҳбубияти Иттиҳодияи Урупо назди мардуми Бритониё бисёр пойин аст.

Матолиби муртабит