'Марги сарбозон' дар шабехуне дар шарқи Укройн
Image copyrightAFPБино ба гузоришҳо, ҳафт сарбози укройнӣ дар шабехуне дар шарқи минтақаи Дунетск кушта шудаанд.
Ба гуфтаи вазорати дифоъи Укройн ин воҳиди низомӣ дар наздикии шаҳри Кромотурск ҳадафи ҳамлаи 30 шӯришии башиддат мусаллаҳ қарор гирифт. Як шӯришӣ низ кушта шудааст.
Хабарнигорон мегӯянд, ки ин маргбортарин ҳодиса барои давлати Укройн дар амалиёти ҷудоиталабон дар шарқ аст.
Дунетск яке аз ду мантақаест, ки пас аз ҳамапурсӣ аз Укройн эъломи ҷудоӣ карданд. Киев, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо он раъйгириро ғайриқонунӣ хондаанд.
Вазорати дифоъ гуфт, ки як нафарбари зиреҳӣ, ки ҳомили нерӯҳо буд, ҳадафи исобати як Ор-пи-ҷӣ қарор гирифт ва мунфаҷир шуд.
Пас аз он бештари сарбозон дар муҷодилаи оташ бо шӯришиён кушта ё захмӣ шуданд. Гуфта шуд, ки муҳоҷимон пушти бутта пинҳон шуда буданд.
Рӯзи душанбе ҷудоиталабони ҳаводори Русия, ки дар Дунетск эъломи истиқлол карданд, гуфтанд, ки ҳама нерӯҳои укройнӣ дар минтақа ба унвони нерӯи ишғолгар талаққӣ мешаванд ва бояд аз онҷо бираванд.
Денис Пушилин, раҳбари ҷудоиталабон аз Русия хост Дунетскро ба хоки худ мулҳақ кунад.
Дар ҳамин ҳол дар минтақаи Луҳонск дар ҳасоягии Дунетск, ҷудоиталабон гуфтанд раҳбари шӯришиён ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтааст.
Дафтари матбуъотии "Ҷумҳурии мардумии Луҳонск" эълом кард, ки Валерий Булатов, фармондори худмухтори Луҳонск, ҳадафи исобати гулӯла қарор гирифт ва хуни зиёде аз даст дод, аммо ҷонаш дар хатар нест.
Пештар Серҳей Торуто, фармондори расмии Дунетск, ки мансуби Киев аст, гуфт, ки тарҳе барои баргузории ҳамапурсии саросарӣ дар мавриди эътои ихтиёроти бештар ба ташкилоти маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар дасти баррасӣ аст.
Ин мақоми давлатӣ афзуд, ки мумкин аст ин ҳампурсӣ дар моҳи июн, яъне ҳудуди як моҳ пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат гирад ва мумкин аст намояндагони порлумон базудӣ ин барномаро мавриди музокира қарор диҳанд.
Бархилофи ҷудоиталабони тарафдори Русия, ин ҳампурсӣ сирфан дар манотиқи руснишин баргузор намешавад ва мавзӯъи он сирфан вогузории ихтиёроти бештар ба сокинони тамомии манотиқ, аз ҷумла дар мавриди интихоби мақомоти маҳаллӣ хоҳад буд.
Чанде пеш давлати Русия аз Укройн хост, то бидуни баргузории ҳампурсии саросарӣ, низоми сиёсии он кишварро ба як низоми федерол бо ихтиёроти густарда барои манотиқи дорои аксарияти русзабон тағйир диҳад, аммо ин пешниҳод мавриди қабули давлати Укройн қарор нагирифт.
Оқои Торуто дар айни ҳол таъкид кард, ки ташкилоти мавсум ба "Ҷумҳурии халқи Дунетск", ки ҷудоиталабони шарқи Укройн эҷод кардаанд, "на аз лиҳози қонунӣ ва на сиёсӣ" мавҷудият надорад ва афзуд, ки дар сурати истиқлоли минтақаи Дунетск, ин ноҳия аз лиҳози иқтисодӣ қодир ба идомаи ҳаёт нахоҳад буд.
Рӯзи сешанбе ҳамчунин Фронк Волтер Эштойн Мойр, вазири хориҷаи Олмон, ба манзури ибрози ҳимоят аз давлати интиқолии Укройн, дар Киев бо Александр Турчинов, раиси ҷумҳурӣ ва Орсений Ётсенюк, нахуствазир, мулоқот кард.
Ӯ ҳамчунин давлат ва шӯришиёнро ташвиқ ба гуфтугӯ кард.
Вазири хориҷаи Олмон гуфт, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн, ки қарор аст рӯзи 25 баргузор шавад, "маншаи таҳаввулоти мусбати баъдӣ" хоҳад буд ва афзуд, ки роҳи ҳалли буҳрони кунунии Укройн, ҳамфикрии тамомии гурӯҳҳо ва ташаккулҳои сиёсӣ аст.
Вай дар айни ҳол ҳушдор дод, ки давлати Олмон ҳамапурсии таҷзияи Укройнро қобили қабул намедонад ва дар сурати иқдоми Русия дар ҳимояти амалӣ аз ин ҳамапурсӣ вазъи таҳримҳои бештарро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Олмон дорои равобити васеъи тиҷорӣ бо Русия аст ва тарҷеҳ медиҳад буҳрони Укройн бидуни маҳдудияти бештари иқтисодӣ алайҳи Русия ҳаллу фасл шавад.
Дар мулоқот бо вазири хориҷаи Олмон, оқои Ётсенюк гуфт, ки ҳозир аст барои ҳалли буҳрони кунунӣ бо тамомии гурӯҳҳо ҳатто ҷудоиталабони шарқи Укройн музокира кунад, аммо дар мавриди ҳампурсӣ пайвастан ба Русия ва низ замони тамоси эҳтимолӣ бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ сухане нагуфт.
