Ҷудоиталабони шарқи Укройн хоҳони пайвастан ба Русия

  • 13 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Шумориши оро дар Дунетск

Дар пайи ҳамапурсӣ барои худгардонӣ дар минтақаи Дунетск, дар шарқи Укройн, як раҳбари ҷудоиталабони Укройн аз Русия хостааст ин минтақаро "ҷазби" худ кунад.

Денис Пушилин, ки худро раҳбари Ҷумҳурии халқи Дунетск мехонад, аз Маскав хост ба "иродаи мардум" таваҷҷуҳ кунад.

Дар минтақаи Луҳонск, дар ҳамсоягии Дунетск, ҳам пас аз як ҳамапурсии мушобеҳ шӯришиён эъломи истиқлол кардаанд.

Укройн, Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хондаанд, аммо Русия мегӯяд натоиҷ бояд "иҷро" шавад.

Маскав то кунун ба дархости ҷудоиталабони Дунетск барои пайвастан ба Русия вокунишие нишон надодааст, аммо хостори гуфтугӯ миёни шибҳнизомиён ва Киев бо ширкати Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо шуд.

Русия пас аз ҳамапурсии баҳсбарангези нохияи худмухтори Криме дар ҷануби Укройн дар моҳи март онҷоро ба хоки худ замима кард ва акнун Киев аз ниёти Русия дар Дунетск, Луҳонск ва соири бахшҳои ҷануби Укройн метарсад.

НОТУ муътақид аст, ки ҳудуди 40 ҳазор сарбози Русия дар наздикии маркази Укройн мустақар ҳастанд, ҳарчанд Маскав мегӯяд онҳоро ақиб кашидааст

"Гоми муносиб"

Ҷудоиталабон дар Дунетск ва Луҳонск мегӯянд,, ки батартиб 89 дарсад ва 96 дарсад аз райъдиҳандагон дар ин ду ноҳия ба нафъи худгардонӣ раъй додаанд.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, душанбе гуфт, ки мизони мушорикат бисёр камтар аз ҳадди эъломшуда тавассути ҷудоиталабон будааст

Ӯ гуфт бар асоси баррасии вазорати кишвар ҳудуди 24 дарсади афроди воҷиди шароит дар ин ба истилоҳ ҳамапурсӣ дар минтақаи Луҳонск ва беш аз 32 дарсад дар минтақаи Дунетск раъй доданд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн қарор аст рӯзи 25 май баргузор шавад, аммо оқои Пушилин гуфт, ки раъйгирӣ дар Дунетск анҷом нахоҳад шуд, чун дигар бахше аз Укройн нест.

Ӯ афзуд, ки хостори дахолати низомии Русия нест, аммо шояд вуҷуди сулҳбонон лозим бошад.

Ба гуфтаи ӯ воҳиди пули ин минтақа ба рубл тағйир хоҳад кард.

Румон Лёгин, сарпарасти кумиссиюни интихоботи Дунетск,ки ҷудоиталабон ташкил додаанд, гуфт, ки пайвастан ба Русия "эҳтимолан гоми муносибе хоҳад буд."

Оқои Лёгин яке аз 13 нафаре аст, ки Иттиҳодияи Урупо ба хотири "тазъиф ё таҳдиди ҳокимияти миллии Укройн" дар феҳристи таҳримҳо қарор додааст.

Матолиби муртабит