Ба дастури Путин нерӯҳои Русия аз марз бо Укройн ақибнишинӣ мекунанд
Image copyrightAPВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дастур ба ақибнишинии нерӯҳои низомии ин кишвар аз марзи Укройн додааст
Дар иттилоъияе, ки Кремлин мунташир карда, омадаст, ки воҳидҳои низомии муваққат дар шаҳрҳои марзии Рустуф (Растов), Белгрод, Брёнск бояд ба пойгоҳҳои доимии худ бозгарданд.
Коршиносон мегӯянд, ки ақибнишинии ҳудуди 40 ҳазор нерӯи низмоӣ аз марзи Укройн ба коҳиши буҳрон дар минтақа кумак мекунад.
Эъзоми нерӯҳои низомии Русия ба марзи муштарак бо Укройн дар ҳафтаҳои гузашта тира шудани равобити миёни ду кившарро ба авҷ расонд.
Дар иттилоъияи Кремлин, ки дар ихтиёри хабаргузориҳои Русия қарор гирифта, омадааст: "Дар робита ба поён ёфтани монуври низомӣ дар манотиқи Рустуф, Белгрод ва Брёнск, Путин ба вазири дифоъ дастур дода, то он даста аз нерӯҳое, ки дар монувр ҳузур доштаанд, ба пойгоҳҳои худ бозгарданд."
Таниши миёни Русия ва Ғарб аз замони барканории Виктур Ёнукович, ки мавриди ҳимояти Маскав буд, пас аз моҳҳо эътирози хиёбонӣ дар моҳи феврал оғоз шуд.
Мунзам кардани нимҷазираи Криме ба хоки Русия ва ҳимоят аз реферондуми ҷудоии бахшҳое аз манотиқи шарқи Укройн ба ин таниш афзуд, то ҷое ки кишварҳои ғарбӣ таҳдид ба таҳрими Русия карданд.
